fbpx

Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо Чин ва Олмон барқарор мекунад


0

Билетҳо аз 5215 сомонӣ. Тоҷикистон парвозҳоро бо Олмон барқарор мекунад.

Тоҷикистон ва Олмон парвозҳои мунтазамро барқарор мекунанд. Парвози аввал рӯзи 6 июн бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар назар аст.

“Бо дастури президенти Тоҷикистон мо тадриҷан парвозҳоро тариқи хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷи дур барқарор карда истодаем. Бо Олмон барои барқарор намудани парвозҳо ба мувофиқа расидем. Ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайри нави Душанбе-Мюнхен иҷоза шуд”, – хабар додааст, муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода буд, ки алоқаи ҳавоиро ҳанӯз соли 2021 барқарор кунад, лекин Олмон тасмим гирифт, ки имсол фазояшро боз мекунад.

“Дар аввал ҳафтае 1 парвоз пешбинӣ гардида, минбаъд бо назардошти талаботи мусофирон, шумори хатсайрҳо зиёд карда мешавад”, – гуфт манбаъ.

Аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ хабар доданд, ки ба иҷрои парвозҳо ба Мюнхен оғоз мекунанд.

“Шурӯъ аз 6 июн парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе ҳафтае як маротиба – рӯзҳои душанбе иҷро карда мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе – соати 06:00 ва аз Мюнхен – соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ширкат зикр мекунад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-900 анҷом дода шуда, бо таърифа ва шартҳои он мусофирон аз сомона ё Маркази хидматрасонӣ (Call-центр)-и ширкат маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.

Дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” нархи билет ба парвози пешбинишуда дар эконом-класс 427 евро (5 ҳазору 215 сомонӣ) ва бизнес-класс – 607 евро (7 ҳазору 414 сомонӣ) зикр шудааст. Билетҳои бозгашт дар эконом-класс 492,52 евро (6 ҳазору 9 сомонӣ) ва бизнес-класс – 672,52 евро (8 ҳазору 208 сомонӣ) нарх доранд.

Дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро зиндонӣ карданд

Дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карданд. Ҳукм 31-уми май эълон шуд.

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорф гуфт, панҷ ҷавони тоҷикро аз се солу ҳашт моҳ то нӯҳуним сол зиндонӣ кард. Назари зодаҳои Тоҷикистон ва ё вакилони мудофеяшон нест. Қаблан падари яке аз онҳо гуфта буд, писараш тиҷорат дошту аз Олмон ба Душанбе қисмҳои эҳтиётии мошин мефиристод.

Ба хулосаи додгоҳ, ин гурӯҳ бо тарроҳони таркиш дар Стокҳолм (2017), қатли чаҳор нафар дар Вена (2020) дар тамос будаанд.

“Суннатулло К.-и 26-сола барои тарҳрезии қатли як мунтақиди Ислом дар ғарби Олмон 9,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарҳодшоҳ К.-и 33-сола ба кӯшиши куштори супоришӣ дар Албания ба 8,5 сол зиндон маҳкум гардид. Куштор бо сабаби ин ки ҳамлагарон ҳадафро нашинохтаанд, иҷро нашуд,” – гуфтаанд дар додгоҳ.

Муҳаммадалӣ Г.-и 34, Азизҷон Б.-и 29 ва Комрони 25-сола барои иштирок дар созмони ҷиноӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Масъулони додгоҳ гуфтаанд, “ин афрод дар сар андешаҳои ифротгароёна парварида”, қасд доштанд, аз номи ДОИШ ҳамла анҷом диҳанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо аз соли 2019 бо як узви муҳими гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон низ дар тамос будаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ва бахусус ДОИШ ҳамроҳ шудаанд.

Дар ин миён садҳо нафарашон куштаву захмӣ шудаанд ва теъдодеро ҳам ба Тоҷикистон баргардонданд. Баъзеро, ки ихтиёрӣ баргаштаанд, афв кардаанд ва теъдоди дигареро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум намуданд.

Солҳои охир дар бораи фаъол шудани ҷангҷӯёни ДОИШ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, гузориш мерасад.

Баъди ду соли таваққуф. Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.

– Ҳанӯз дар моҳҳои май-июни соли 2020 мо ба мақомоти Чин дар бораи омодагии Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ маълумот ирсол карда будем. Чанд рӯз пеш мо посухи расмӣ гирифтем, ки дар он ҷониби Чин низ омодагии худро барои аз сар гирифтани парвозҳо изҳор дошт, – гуфт Набизода.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвоз анҷом медиҳанд.

Номбурда афзуд, интизор меравад, дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда шавад

Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2020 барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуда, аммо пайваста мавқуф гузошта мешуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири посухи ҷониби Чин ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10 апрели соли 2020 марзҳояш бо Чинро баста буд.

“Душанбе Сити” аз даъвояш нисбати зане, ки банкоматҳояшро шикаста буд, даст кашид

Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити” тасмим гирифт, ки арзиаашро нисбати ҷавонзане, ки банкоматҳоро шикаста буд, бозпас мегирад ва хароҷоти марбут ба таъмири банкоматҳоро худаш пардохт мекунад.

Ҷавонзани 35-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо сабаби надоштани пули нақд дар терминалҳо ду банкомати ширкати “Душанбе Сити”-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Айни бо санг зада шикаст. Навори видеои ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

“Мо аз вазъи зиндагии ин зан огаҳӣ ёфта, тасмим гирифтем, ки аризаамонро бозпас мегирем ва хароҷоти вобаста ба таъмири банкоматҳоро худамон пардохт мекунем”, – хабар додааст, ширкати “Душанбе Сити”.

Дар ширкат зикр карданд, ки замони рух додани ҳодиса дар банкоматҳо пул мавҷуд буд.

“Мушкили гирифтани пули нақд дар банкоматҳо ба мушоҳида мерасад ва мо кӯшиш дорем, ки пайваста ва мунтазам зиёда аз 450 банкоматро дар саросари Тоҷикистон бо пул таъмин кунем”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат инчунин сабаби аз банкомат пул гирифта натавонистани ҷавонзанро шарҳ доданд.

“Зан се маротиба пин-кодро нодуруст ворид намуда, пас аз он, ки дастрасӣ ба корт қатъ мешавад, табиист, ки дигар аз он пул гирифта наметавонад. Пас аз се маротиба нодуруст ворид намудани пин-код низоми мо дастрасӣ ба кортро ба муддати 24 соат қатъ мекунад”, – зикр карданд дар бонк.

Ёдрас мекунем, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин занро рӯзи 24 май боздошт карданд. Мақомоти милитсия барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 КҶ ҶТ (Қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амвол) мавод омода мекард.

Аз 10 апрел дар банкоматҳои Тоҷикистон барои гирифтани пул мушкилӣ пайдо шуд. Дар бонкҳо сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ доданд, ки қурби рубл нисбати сомонӣ босуръат боло рафта, муштариёни як бонк аз банкоматҳои бонки дигар пули нақд мегиифтанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend