fbpx

Тоҷикистон омодаи барқарор кардани парвозҳо бо Чин аст, аммо ҷониби дигар то ҳол посух надодааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Корҳои таъину аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ниҳоӣ мешаванд

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

Дар ҷараёни гуфтушунид дар Самарқанд, ки рӯзҳои 20-27 сентябр баргузор шуд, ҷараёни корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлати байни кишварҳо ва натиҷаҳои корҳои саҳроии доиргардида баррасӣ шуданд.

Дар бораи баргузории вохӯрии навбатии гурӯҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қаблан ҷонибҳо ният доштанд, ки корҳои аломатгузориро дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон то охири соли 2020 ба итмом расонанд, лекин пандемияи COVID-19 ба ин ҷараён “тағйирот” ворид намуд.

Оҷонсӣ: Тоҷикистон интизори посухи Чин оид ба барқарор кардани парвозҳо аст

То ҳол маълум нест, ки парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин кай барқарор мешавад ва дар робита ба ин масъала Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Чин аст,  гуфтаанд дар Агентии авиатсияи шаҳрвандии кишвар.

Манбаъ гуфтааст, ки онҳо ҳанӯз моҳҳои май – июн ба унвонии мақомоти Чин ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии мубориза бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон барои боз кардани парвозҳо ба ин кишвар мактуб ирсол карданд, вале бо гузашти беш аз 5 моҳ то ба ҳол аз ҳарду ҷониб посух нагирифтанд.

Аз сабаби баста будани роҳҳо садҳо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Чин таҳсил мекарданд, наметавонанд баргарданд. Ҳамчунин набудани хатсайрҳо кори тоҷиронро, ки аз ин ҳамсоякишвар молу маҳсулот меварданд, мушкил кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон: номаи азсаргирии ҳамкориҳо беҷавоб монд?

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар номае аз мақомоти Қирғизистон хостори азсаргирии ҳамкориҳо шудааанд, аммо то ҳол посухи ин муроҷиатро дарёфт накардаанд.

Қирғизистон чор моҳ ба ин тараф сарҳад бо Тоҷикистонро баста, парвози ҳавопаймоҳоро манъ кардааст ва ба донишҷӯёни тоҷик иҷозаи ворид шудан ба Бишкекро намедиҳад. Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар заминаи дубора оддӣ кардани робитаҳои миёни ду кишвар “кӯшишҳое анҷом дода мешавад”, вале ҷузъиёти онро фош накарданд. Инчунин, мақомоти ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи ҷорӣ ба ҳабси абад маҳкум карда, се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Латифи Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест

Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром гуфт, изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест.

Ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва  Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.

Пидром ҳамчунин дар бораи дахолати Покистон изҳори назар намуда, сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистонро ба Кобул хотиррасон кардааст ва гуфтааст, шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибон даст ёбанд.

Қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии толибон мулло Абдул Ғанӣ Бародар ва Абдул Салом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.

Шурӯи сохтмони роҳи Дарвоз-Рӯшон

Рӯзи 27-уми сентябр маросими ба истифода дода шудани қитъаи навсохти роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин баргузор шуд, ки аз деҳаи Ёгед гузашта то маркази ноҳияи Дарвоз мерасад. Маросим бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, қитъаи роҳи нав 26 километр буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар сохта шудааст. Ин роҳ дар давоми ду сол сохта шуд. Дар хабар таъкид шудааст, ки қисмати роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат мебошад, аз ин рӯ аҳамияти иқтисодиву стратегӣ дорад.

Замони пандемия Тоҷикистон ақибмонии содиротро аз воридот ба таври назаррас кам кард

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳудуди 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки 33% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо (фарқият байни харид ва фурӯш) манфӣ боқӣ монда, лекин акнун ҳаҷми содирот нисбат ба воридот на се баробар камтар то замони оғози пандемия, балки ҳамагӣ 54% (1,2 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ 1,1 млрд доллар ва воридоти он ба кишвар – 3,3 млрд долларро ташкил дода буд.

Тӯли 8 моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта 37% зиёдтар мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend