Қирғизистон мегӯяд, як ронандааш дар Тоҷикистон “гаравгон” гирифта шудааст
Сафорати Қирғизистон дар Душанбе мегӯяд, 10 мошини боркаши қирғизҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дармондаанд.
“Бо ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июн барои иҷозаи бурунрафт додан ба мошинҳои боркаш гуфтугӯҳо анҷом дода шуд ва ҳоло низ идома доранд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат.
Пештар хабар дода шуд, ки як ронандаи мошини боркаш аз Қирғизистон бо номи Виталий Шултс дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон бо Узбекистон дармондааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода, ки дар баробари ӯ чандин ронандаи дигар низ наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд, вале намехоҳанд қазия расонаӣ шавад.
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мошини Виталий Шултс ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ боздошт шудааст.
Тоҷикистон қоидаҳои вуруд аз хориҷро, ҳатто барои ваксинагирифтагон сахттар кард
Шахсоне, ки аз хориҷ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, лозим аст, ки бо худ шаҳодатномаи санҷиши ПЦР-тести манфии коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то вуруд гирифта шудааст, дошта бошанд. Қаблан шахсони дорои сертификати ваксинашуда, метавонистанд бидуни ташхиси тестӣ ба Тоҷикистон ворид шаванд, аммо ҳоло на, хабар доданд дар Вазорати тандурустӣ ба «Your.tj»
“Бояд гуфт, ки шахсони ду вояи ваксина гирифта, бемор намешаванд, аммо онҳо метавонанд интиқолдиҳандаи хуби ин беморӣ бошанд”, – гуфтанд дар вазорат. Ғайр аз он, ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон меоянд, бояд аз ташхиси такрории ПЦР-тест гузаранд. Инчунин ба онҳо тавсия дода мешавад, ки се рӯз дар инзивои худ қарор гиранд.
Агар натиҷаи ташхис мусбат бошад, шахси сироятёфтаро то пурра шифо ёфтан карантин мекунанд.
Пулҳои пасандозгузорони “Агроинвестбонк”-ро каме дертар медиҳанд
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии “Агроинвестбонк” хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон “каме сабр” кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.
Бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо дар зербахшҳои “Ориёнбонк” пулҳояшонро медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки барои пардохти ҳамаи амонатгузорони ҳар ду бонки дар ҳоли барҳамхӯрӣ 215,0 миллион сомонӣ зарур аст, ки 67% ҳаҷми умумии маблағҳои захиравии Хазинаи ҷуброни суғуртаро ташкил медиҳад.
Дар ин Хазина мегӯянд, ки маблағҳо барои бозпас гардонидани амонатҳои мардум басандаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз “Ориёнбонк” ҳамчунин “Амонатбонк” низ ба унвони бонк-агент ворид карда мешавад.
Ҳамаи сокинони аз 18-солаи болои Душанберо воксини зидди коронавирус мезананд
Дар Душанбе ҳамаи сокинони аз 18-сола болоро алайҳи коронавирус воксин мезананд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Вазорат мегӯяд, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои “Астразенека”-и бритониёӣ ва “КоронаВак”-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд. Маъракаи густардаи воксинзанӣ дар Душанбе дар ҳоле оғоз мешавад, ки Тоҷикистон таъйид кард, ки аз 21-уми июн ба баъд дар кишвар хуруҷи дигарбораи коронавирус сабти ном шудааст ва то кунун дар хуруҷи дубора 63 нафар сироят ёфтаанду 11 нафари онҳо табобат шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард. Тибқи иттилои котиботи президент, аз ҷумла зери қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” имзо гузошт.
Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.
Кумитаи дин ваксингирии ҳатмии намозгузоронро рад кард
Ваксингирӣ барои намозгузорон ҳатмӣ набуда, хоҳишмандон метавонанд пас аз адои намоз дар наздикии марказҳои саломатӣ алайҳи коронавирус эм гиранд. Дар Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди роҳ надодани намозгузорон бидуни эм ба масҷидҳо баланд шудааст.
Тибқи маълумоти пайдошуда, аз намозгузорон қабл аз вуруд шудан ба масҷид шаҳодатномаи эмро талаб мекунанд. Дар сурати мавҷуд набудани ин ҳуҷҷат онҳо аз ҳаққи дохил шудан ба масҷиду гузоштани намоз маҳрум мегарданд.
Аммо Афшин Муким, сухангӯи Кумитаи дин гуфтааст, ин сару садоҳо асос надоранд ва чунин тасмим ҳам аз ҷониби Кумита рӯи даст гирифта нашудааст.