Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2913.04.2026
То соли 2029 Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳо (газҳои дорои таъсири баланди гармхонаӣ)-ро то 70 фоиз коҳиш медиҳад. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додааст.
Дар робита ба ин, дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барномаи ҳамгиро оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва рушди сардкунии устувор» баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ амалӣ шуда, аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи асосии лоиҳа коҳиш додани истифодаи ин гуна газҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал мебошад.
Дар доираи лоиҳа такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани малакаи мутахассисон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосиру каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Лоиҳа барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ гардида, интизор меравад, ки бо татбиқи он истеъмол ва ихроҷи гидрофторкарбонҳо коҳиш ёфта, иқтидори миллӣ дар самти сардкунии устувор тақвият меёбад.
Читайте также
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
1 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
5 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
5 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
6 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
6 дня назад