fbpx

Тоҷикистон моҳи март ваксинаи AstraZeneca-ро дастрас мекунад. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи strana.ua

Тоҷикистон парвозҳоро бо Қазоқистону Афғонистон барқарор кард

Тоҷикистон тасмим гирифт, ки парвозхои мунтазамро бо Афғонистону Қазоқистон барқарор кунад, хабар додааст директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Алмаато – ё  баръакс ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” ва парвозҳои самти Душанбе – Кобулро – ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Кам Эйр” анҷом медиҳанд.

Билетҳо баъди чанд рӯз ба фурӯш бароварда шуда, парвозҳо ба наздикӣ шурӯъ мешаванд.

Агентӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост кардаааст, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca – ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

“Тоҷикистон ваксинаи коронавирусро тасдиқ кард ва онро бояд тибқи механизми COVAX гирем. Ин AstraZeneca аст, ва моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад. Феълан ҷониби Тоҷикистон шартнома имзо карда, ба истеҳсолкунанда фиристодааст”, – гуфт Ҷаъфаров.

Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Бритониёи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд.

Чин аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ мехарад ва ваксинаи зидди КОВИД-19 медиҳад

Си Ҷинпин, президенти Чин гуфтааст, ки кишвараш омода аст, то маҳсулоти босифати кишоварзиии мавриди ниёзро аз Тоҷикистон ворид кунад. Ба иттилои расонаҳои расмии Чин, оқои Ҷинпин ҳамчунин аз омодагии кишвараш барои дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани ваксинаи зидди КОВИД-19 хабар додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам навишт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксинаи ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст. Тамоси телефони президентҳои ду кишвар рӯзи 1-уми март сурат гирифтааст.

Ба иттилои “Синхуа” — хабаргузории расмии Чин, оқои Си Ҷинпин аз ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо КОВИД-19 ёдоварӣ кардааст. Си Ҷинпин гуфтааст, кишвараш барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон имконият фароҳам меорад. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, оқои Си Ҷинпин гуфтааст, ки “Чин қотеона аз Тоҷикистон дар ҳифозат аз истиқлолияти миллӣ, амният ва субот пуштибонӣ мекунад”.

50 нафар хонандагони тоҷик дар даври финалии олимпиадаи «IMEC – online»

Дар Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика “IMAC – online” тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок карданд.

Дар олимпиада аз фанни математика ҳудуди 10 ҳазор нафар хонандагон аз 28 кишвари дунё ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, 50 нафари хонандагони Литсей ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Ширкати Наник дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ филми мазҳакавӣ таҳия кардааст

Дар Тоҷикистон филми бадеию мазҳакавии «Сейф» дар бораи саёҳатҳои се қаҳрамон наворбардорӣ шудааст. Ин филмро ширкати синамогарии «Наник» сохтааст, ки он дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва шаҳри Хуҷанд рӯйи навор омадааст.

Ин нахустин филми бадеие мебошад, ки ин ширкат ба навор гирифтааст. Дар асл ширкати мазкур ба таҳияи филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои доғи иҷтимоӣ сару кор дорад.

Нахустнамоиши  он дар рӯзи муҳофизаи кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.

Тақрибан 1,5 миллион ҷойҳои нави корӣ дар 8 сол

Дар тӯли 8 соли охир дар соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд, танҳо соли гузашта дар ин соҳа зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфтаанд. Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, бо мусоидати вазорат беш аз 450 ҳазор шаҳрвандон бо кор таъмин карда шудаанд ва наздики 157 ҳазор бекорон ба таълими касбии ройгон фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра шумораи кормандон афзуда, тақрибан 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend