Тоҷикистон мавқеашро оид ба вазъияти Афғонистон баён кард. Мухтарсари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Гуруҳи террористии Толибон

Акси марбута аз AFP

Мавқеи Тоҷикистон дар баробари “Толибон”: Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи “Толибон” равшан кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад”,- хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, имрӯз, 25-уми август дар Душанбе сурат гирифт. Гуфта мешавад вазири корҳои хориҷаи Покистон барои баҳс сари ҳукумати ояндаи Афғонистон ба чанде аз кишварҳои минтақа ва ҳамсояи Афғонистон сафар анҷом медиҳад.

“Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

«Саёҳат бидуни COVID-19» – шарти ҳатмии ворид шудан ба Русия

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз мусофироне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд даъват намудааст, дар телефонҳои ҳамроҳи худ замимаи «Саёҳат бидуни COVID-19» («Путешествую без COVID-19»)-ро насб кунанд. Сипас дар озмоишгоҳҳои эътирофшуда аз ташхиси COVID-19 гузашта, маълумотномаи QR-code бигиранд.

Вазорати тандурустӣ ёдовар шудааст, ки сар аз якуми сентябр мақомоти Русия бидуни рамзи QR-code намегузоранд мусофирон вориди ин кишвар шаванд. Дар Т оҷикистон то 23-уми август 1 миллиону 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон ба 37 нафар унвони генерал доданд

Имрӯз, 25 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар роҳбару намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супорид. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки унвону мукофотҳои давлатӣ, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шудааст.

Манбаъ менависад, ки бо фармони президент ба 37 нафар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.

Ҳамчунин, бо фармони президент 65 нафари дигар бо медалу унвону мукофотҳо сарафроз гардонида шудаанд.

Хабари занозании навбатии гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз миёни муҳоҷирони кории тоҷик ва узбек занозании оммавӣ ба амал омадааст. Расонаҳои русӣ навиштанд, ки ҳодиса шаби 22-уми август дар шоҳроҳи Красноселское рух додааст. Гуфта мешавад дар занозанӣ 25 нафар ширкат доштанд.

Пас аз ин занозанӣ як шаҳрванди 22-солаи Узбекистон бо захми корд дар қафаси сина дар беморхона бистарӣ шудааст. Вазъи саломатии ӯ сангин гуфта мешавад.

Пулис аз ҷойи ҳодиса 14 муҳоҷир, аз ҷумла 9 шаҳрванди Узбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистонро дастгир кардааст. Бар зидди онҳо бо ҷурми расонидани осеби вазнин ба саломатӣ ва авбошӣ парванда боз шудааст.

Тоҷикистон интиқоли барқро ба ҳамсояҳо хеле зиёд кард. Аз ҷумла ба Афғонистон

Давоми 7 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 55 млн доллар неруи барқ содир намуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (маблағаш зиёда аз 44 млн доллар) ин нишондиҳанда ба андозаи 25% зиёдтар мебошад.

Тайи моҳи ахир Тоҷикистон аз интиқоли барқ ба хориҷи кишвар ҳудуди 18 млн доллар маблағ ба даст овард, ки сеяки ҳамаи барқи аз оғози сол содиршударо ташкил медиҳад.

Чин барои Тоҷикистон боз ваксина мефиристад

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 август масоили таҳвили ваксинаи зидди коронавируси истеҳсоли Чин баррасӣ шуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин таваҷҷуҳи ӯро ба ин масъала ҷалб намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қаблан Чин ба Тоҷикистон ройгон зиёда аз 2 млн воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси CoronaVac дода буд.

Рустами Эмомалӣ бо намояндаи БҶ масъалаи таъмини пойтахт бо обро баррасӣ кард

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)-ро таҳти сарварии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд