fbpx

Тоҷикистон машқҳои зиддитеррористиро бо Чин низ оғоз кард. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Спутник Тоҷикистон

Гуфтушуниди навбатии намояндагони Тоҷикистону Қирғизитон дар марз

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16-уми август дар марзи ду кишвар бо ҳам гуфтушунид анҷом доданд. Дар ин мулоқот  намояндагони Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Қирғизистонро бошад раиси вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев раҳбарӣ мекарданд.

Ҷонибҳо дар ҳузури раҳбарони шуъбаҳои минтақавии ниҳодҳои қудратӣ ва раисони ноҳияҳои ду кишвар масъалаи таъмини амният дар марзро баррасӣ намудаанд.

“Дастур дода шуд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати муштараки хати марзро пурзӯр карда, ба кандани дубораи хандақҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин насби ҳамагуна дурбинҳои назоратӣ ва сабткунанда дар марз бо розигии ду тараф анҷом шавад”, – хабар дод сардори шуъбаи ҳифзи тартибот, амният ва ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати вилояти Бодканд Мусурмонбек Турсуматов.

Душанбеву Тошканд корҳои аломатгузориро дар марз ба анҷом мерасонанд

Аз 24 то 29 август дар Душанбе дар доираи кори Комиссияи аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тавре ба маълум шуд дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ, инчунин гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзӣ табодули назар мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тоҷикистон машқҳои зиддитеррористиро бо Чин низ оғоз кард

Дар қаламрави маркази таълимии ВКД Тоҷикистон дар дараи Роимти шаҳри Варзоб имрӯз, 17 август размоишҳои низомии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд, хабар додааст як манбаъ аз ВКД-и ҷумҳурӣ.

Тамринҳои ҳарбӣ аз 17 август дар дараи Ром ит оғоз ёфта то 20 август идома мекунад, ба он воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин сафарбар мешаванд.

Тамрини якҷоя  пас аз мулоқоти вазири ВКД – и Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо намояндагони  Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн, ки  16 август дар Душанбе доир гардид, оғоз шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани машқҳо оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуданд.

Тоҷикистон содироти гелосро бар Русия 20 баробар бештар кард

Тоҷикистон интиқоли мева ва сабзавотро ба Русия афзоиш додааст. Маълумоти дар вебсайти Росселхознадзор овардашуда ба ин шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 пешниҳоди мева ва сабзавот аз Тоҷикистон 38%афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воридоти имсола аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна афзоиш ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон содироти меваи хушк, гелос, ангур ва нектаринро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст.

Содироти меваҳои гуногуни хушк 15% афзоиш ёфтааст – 1,4 то 1,6 ҳазор тонна дар ин сол.

Ҳаҷми зардолуи хушк 6,6% бештар шудааст – аз 1,5 то 1,6 ҳазор тонна расидааст. ва Содироти гелос бошад, 19 маротиба афзуда, аз 45 тоннаи соли гузашта ба 866 тонна дар соли равон расидааст.

Инчунин, содирот ба Русия аз ҷониби кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт.

Прокурор ба ҳимояи соҳибкор: фармони Президент барои тағйирот дар сохтори Додситонии кул

Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар раёсати ҷадид ташкил мешавад, ки ҳифз ва дастгирии соҳибкорӣ як бахши фаъолияти он хоҳад буд.

Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз, ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ниҳоди нав дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад, ки бо дастури раисиҷумҳур ташкил гардид.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти андоз мегӯянд, барои дастгирии соҳибкорӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки феълан дар баррасии Ҳукумат қарор дорад.

Дар шарҳи он, ки чӣ тағйироту сабукиҳо мешавад, Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гуруҳи таҳиякунандаи лоиҳаи Кодекс гуфт, дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.

Боз як марги дигар: дар Тоҷикистон шумори фавтидагон аз коронавирус ба 124 нафар расид

Ба ҳолати то субҳи 17 август тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус, шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 54 нафар зиёд шудааст.

Тибқи итилои Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 16 ҳазору 175 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта 1 нафар бар асари ин беморӣ вафот карда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 15 ҳазору 828 нафар ё худ 97,7%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 72 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зерошояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend