Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5322.07.2025
Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки як гурӯҳ шаҳрвандони Афғонистон аз кишвар ихроҷ шудаанд. Тавре АМИТ “Ховар” бо такя ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл хабар дод, сабаби асосӣ - вайрон кардани қонунгузории ҷумҳурӣ дар бахши будубоши шаҳрвандони хориҷӣ будааст.
“Зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд: муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва монанди инҳо”, - менависад Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳоло чораҳои ҳуқуқӣ барои ихроҷи ин афрод аз кишвар татбиқ шуда истодааст.
Гарчанде дар хабари расмӣ дар аввал сухан дар бораи “шаҳрвандони хориҷӣ” меравад, дар поёни он возеҳ таъкид мешавад, ки “ихроҷи теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ ба ҳамин сабаб аст”.
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Кумитаи паноҳҷӯёни афғон дар Душанбе то ҳол нисбати ин қазия ба расонаҳо шарҳи расмӣ надодаанд.
227 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
7 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад