fbpx

Тоҷикистон додани раводид (виза) ба шаҳрвандони Афғонистонро ҳеҷ гоҳ қатъ накардааст

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 85 нафар сокинони ин кишвар, аз ҷумла донишҷӯён соҳиби раводид шудаанд. 


0
Виза ба Тоҷикистон

Новобаста ба вазъияти дар Афғонистон ба вуқӯъ омада Тоҷикистон додани раводид ба шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла донишҷӯёнро ҳеҷ гоҳ қатъ накардааст, гуфт  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти хабарӣ.

“Ин раванд тартиб ва муқаррароти қонунии худро дорад ва дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бояд сурат гирад”, – гуфт ӯ.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 85 нафар сокинони ин кишвар, аз ҷумла донишҷӯён соҳиби раводид шудаанд.

Вазир инчунин таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистон дар кишвар саъй мекунад.

Баъди ба сари қудрати омадани гурӯҳи *Толибон дар моҳи августи соли 2021, сафари афғонистониҳо ба Тоҷикистон тақрибан қатъ шуд. Шаҳрвандони ин кишвар муддатҳо дар марз бо Тоҷикистон дармонданд.

Тоҷикистон маҳдудияти вуруди афғонистониҳоро ба нигарониҳо аз вуруди террористон ҳамчун паноҳанда рабт дод.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 километр марз дорад. Баъди ба қудрат расидани Толибон, мақомоти Тоҷикистон аз хатари гуруҳҳои террористӣ аз он тарафи марз нигаронӣ карданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend