Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:3415.08.2023
Новобаста ба вазъияти дар Афғонистон ба вуқӯъ омада Тоҷикистон додани раводид ба шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла донишҷӯёнро ҳеҷ гоҳ қатъ накардааст, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти хабарӣ.
“Ин раванд тартиб ва муқаррароти қонунии худро дорад ва дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бояд сурат гирад”, - гуфт ӯ.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 85 нафар сокинони ин кишвар, аз ҷумла донишҷӯён соҳиби раводид шудаанд.
Вазир инчунин таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистон дар кишвар саъй мекунад.
Баъди ба сари қудрати омадани гурӯҳи *Толибон дар моҳи августи соли 2021, сафари афғонистониҳо ба Тоҷикистон тақрибан қатъ шуд. Шаҳрвандони ин кишвар муддатҳо дар марз бо Тоҷикистон дармонданд.
Тоҷикистон маҳдудияти вуруди афғонистониҳоро ба нигарониҳо аз вуруди террористон ҳамчун паноҳанда рабт дод.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 километр марз дорад. Баъди ба қудрат расидани Толибон, мақомоти Тоҷикистон аз хатари гуруҳҳои террористӣ аз он тарафи марз нигаронӣ карданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
14 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
15 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад