fbpx

Тоҷикистон дар шаш моҳ ба маблағи беш аз $43 млн барқ фурӯхт

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳатто барои таъмини истеъмолкунандагони дохилӣ нерӯи барқ ​​намерасад.


0
Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон
Акси марбута

Дар нимсолаи аввали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 43,2 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 миллион доллар камтар аст. Дар ин бора Агентии омор хабар медиҳад.

Ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон бар асоси қарордодҳои басташуда, ба Афғонистон (тамоми сол, вале дар ҳаҷми маҳдуд дар давраи тирамоҳу зимистон) ва ба Узбекистон танҳо дар давраи баҳору тобистон (аз моҳи май то август) нерӯи барқ ​​мефурӯшад.

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳатто барои таъмини истеъмолкунандагони дохилӣ нерӯи барқ ​​намерасад.

Мо чанде пеш ҳисоб карда будем, ки Тоҷикистон дар давраи лимити барқ дар кишвар ба давлатҳои ҳамсоя чӣ қадар барқ мефурӯшад.

Ба навиштаи “Азия-Плюс” дар фасли тобистон захираи обӣ ва энергетикии Тоҷикистон чанд маротиба бештар мешавад, вале як қисми он бефоида талаф меёбад.

Дар нимаи моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати энергетикаи Узбекистон аз оғози воридоти мавсимии нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон хабар дод.

“Маълум аст, ки аз соли 2018 инҷониб таҷрибаи содироти нерӯи барқи дар давраи мелиоративии тобистона истеҳсолшуда ба Узбекистон ҷорӣ шудааст, ки ин дар навбати худ ба зиёд шудани ҷараёни обҳои табиӣ, ки ба обанборҳои кишвари мо ворид мешавад, хизмат мекунад”,- омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 10,7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​тавлид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 дарсад бештар аст.

Дар Тоҷикистон қариб 95 фоизи қувваи барқ дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва боқимонд дар нерӯгоҳҳои аловӣ, инчунин офтобӣ дар хаҷми хурд истеҳсол мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend