Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА як зина боло рафт

Дар раддабандии нави тимҳои миллӣ, ки 28-уми ноябр дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳоло дар раддабандии ФИФА дар зинаи 104-ум қарор дорад. Ҳоло дастаи Тоҷикистон 1203,08 хол дорад, назар ба нашри қаблии ФИФА 6,1 хол зиёдтар аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом дода, дар он бар тимҳои миллии Непал (4:0) ва Афғонистон (3:1) пирӯзӣ ба даст овард.

Миёни дастаҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Қирғизистон (ҷойи 107-уми), Лубнон (112), Кореяи Шимолӣ (114), Ветнам (117), Индонезия (125), Ҳиндустон (127) ва дигарон пештар буда, зинаи 17-умро ишғол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Аргентина дар раддабандии ҷаҳонӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Фаронса, Испания ва Англия дар чоргонаи беҳтарин мавқеъ доранд.

Skip to toolbar