logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистон дар рӯзи аввал аз Чемпионати Осиё 3 медал гирифт: Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд

Your tj

15:4816.04.2026

Тоҷикистон дар рӯзи аввал аз Чемпионати Осиё 3 медал гирифт: Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Ордоси Чин ҷараён дорад, варзишгарони Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил шуда, 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг пас аз пирӯзиҳо бар рақибонаш ба финал роҳ ёфт ва дар муборизаи ниҳоӣ ҳамватани худ Обид Ҷебовро мағлуб карда, унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб шуд.

Обид Ҷебов низ ба финал баромада, бо натиҷаи ниҳоӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд ва медали нуқра ба даст овард.

Ҳамзамон, ҷудокори тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг баромади муваффақ анҷом дода, дар рақобат барои ҷойи сеюм варзишгари Чин Тсуи Шукро мағлуб кард ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки охирин медали тиллои Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё соли 2017 аз ҷониби Комроншоҳи Устопириён ба даст омада буд.

Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки то 18-уми апрел идома мекунад, бо 13 варзишгар — 9 мард ва 4 зан — иштирок дорад. Дар рӯзи аввал се варзишгари дигар Меҳрзод Суфиев  (дар вазни то 60 кг), Аҳлия Муъминова (дар вазни то 48 кг) ва Александра Кан (дар вазни то 57 кг) низ рақобатҳои худро баргузор карданд, аммо ба марҳилаҳои баъдӣ роҳ наёфта, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

14 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ