Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Ордос ҷараён дорад, бори дигар медали тилло ва нуқра ба даст оварданд.
Дар вазни то 73 кг ҷудокори ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев пас аз пирӯзиҳо ба финал роҳ ёфта, дар рақобати ниҳоӣ ба Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки Имороти Муттаҳидаи Арарбиро намояндагӣ мекунад, пирӯз шуд ва бори аввал қаҳрамони Осиё гардид.
Дар вазни то 81 кг ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков пас аз пирӯзиҳо бар рақибонаш ба финал баромад, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб шуда, медали нуқра гирифт.
Ин натиҷаҳо боиси афзоиши шумораи медалҳои тими Тоҷикистон дар ин мусобиқа гардид. Пештар варзишгарон аз ҷумла Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов медалҳои тилло ва нуқра, инчунин Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар умум, варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа то ҳол чандин 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд.
