Вазорати молия ба пардохти қисмате аз қарзи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” уҳдадор шуд
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки қисмате аз қарзҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро ба “Эксимбонк”-и Чин ба маблағи ҳудуди 286,5 млн сомонӣ (зиёда аз 25 млн доллар) пардохт намояд.
Дар қарори қабулшудаи ҳукумат ин маблағ “фоиз ва ҷаримаҳо” аз рӯйи қарзи батаъхирафтода, ки соли 2015 барои татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон” гирифта шуданд, зикр мешавад.
Дар қарор дастур дода мешавад, ки маблағи мазкур ҳамчун саҳми ҳукумат дар сармояи оинномавии корхона ба инобат гирифта шавад.
Корхонаи роҳи оҳан ба баргардонидани ин маблағ ба Вазорати молия дар муҳлати 5 сол уҳдадор мешавад.
Ҳаҷми умумии қарзи аз ҷониби бонки Чин ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” додашуда 68 млн долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон бо Русия афзоиши парвозҳоро машварат мекунад
Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, барои роҳандозии парвозҳо ба минтақаҳои мухталифи Русия бо мақомоти рус гуфтугӯ доранд. Дар ин бора раҳбари оҷонсӣ Икром Субҳонзода дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои русӣ хабар додааст. Субҳонзода гуфтааст, ки Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аз моҳи июни имсол барои рафтуомади ҳавоӣ аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон иҷозат дода шавад. Русия гуфтааст, ин масъаларо меомӯзад.
Ҳукумати Русия ҳафтаи гузашта гуфт, ки аз 1-уми апрел ба парвозҳои доимӣ бо Тоҷикистон иҷозат медиҳад. Парвозҳоро ширкатҳои ҳавоии “Сомон эйр” ва “ЮтЭйр амалӣ мекунанд. Нахустин дар масири Маскав – Душанбе-Маскав рӯзи 2-юми апрел аз ҷониби ширкати Utair анҷом мегирад.
Дар Новая Москва се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ ва як нафар кушта шуд
Хабаргузории расмии ТАСС менависад, дар паи як муноқиша дар минтақаи Новая Москва афроди номаълум ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамла карданд ва дар натиҷа, се нафар маҷрӯҳ ва як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.
Ин хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои тафтишотӣ менависад, ки ба ин нафарон бо корду силоҳ ҳамла кардаанд. Як манбаъ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 27-уми март дар минтақаи Новая Москва рух дод. Ӯ гуфтааст: “Дар суроғаҳои мухталиф ҳамла ба ҳадди аққал чор шаҳрванди Тоҷикистон рух дод. Се нафарашон бо корд захмӣ шуда, ду нафарашон инчунин аз тири туфанг ҳам маҷрӯҳ шуданд. Инчунин мошине пайдо шуд, ки дар дохилаш ҷасади инсон бо ҷароҳатҳои корд буд”. ТАСС мегӯяд, ки ходимони ҳифзи қонун тахмин мекунанд, ки ин қазия ба моҷарое дар ҳудуди бозори азими “Фуд Сити” рабт дорад, ки дар Калужское шоссе ҷойгир аст.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан дар даст нест. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.
Ғанӣ гуфт, ки “Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар Афғонистон аст”
Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар кишвари ҳамсояи худ аст. Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва бо ҳадафи иштирок дар нишасти “Қалби Осиё” ба Душанбе омадааст, рӯзи 29-уми март гуфт, “ин паёме рӯшан ба Толибон ва пуштибонҳои дигарашон аст.”
Мулоқоти Ашраф Ғанӣ бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 29-уми март дар Душанбе баргузор шуд. Дар суҳбатҳои расмӣ барои матбуот ду тараф аз ҳамкории хуб гуфтанд ва барои рушди равобит ибрози умед карданд.
“Мо аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят мекунем, хоҳони ҳарчи зудтар сохтани роҳи оҳан ҳастем ва барои кумаки Тоҷикистон ба таҳсили ҷавонони Афғонистон сипос мегӯем”, — афзуд Ашраф Ғанӣ.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ аз тасмими сохтани пули ҳафтум байни ду кишвар хабар дод.
Ҷавонони тоҷик ба макотиби олии Украина ҷалб мешаванд
Ҳайати омӯзгорони Украина таҳти роҳбарии вазири маорифи ин кишвар Сергей Шкарлет бори нахуст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба ҳайате, ки рӯзи 30 март ба Душанбе ташриф меорад, ректорону намояндагони зиёда аз 80 мактаби олии минтақаҳои гуногуни Украина шомиланд.
Ҳадафи аслии сафар – баргузории ҳамоиши маърифатии “Учимся в Украине” («Study in Ukraine», Дар Украина мехонем) мебошад. Дар кори ҳамоиш вазирони маориф ва илми Тоҷикистону Украина ва роҳбарони макотиби олии ҳар ду кишвар иштирок мекунанд.
Дар барномаи сафар аз 30 март то 4 апрел баргузории намоишгоҳи таҳсилотии «Study in Ukraine» дар Душанбе низ пешбинӣ шудааст.
Дар 21 қитъаи роҳи мошингарди ВМКБ тарма фаромадааст
Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд.
Ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег рӯзи 28 март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, дар натиҷа қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Ванҷ-Рӯшон, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб муваққатан баста шуданд.
Барои бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи махсус барои тоза кардани роҳҳо ҷудо карда шуд. Дар офатҳои табиӣ хушбахтона, талафи ҷонӣ ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудааст.