logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистон ба Узбекистон аз НБО “Роғун” барқ мефурӯшад

Тибқи созишномаи нав интиқоли нерӯи барқ аз НБО “Роғун” ба Узбекистон бо нархи 3,4 сенти ИМА барои ҳар кВт/соат пешбинӣ шудааст.

Your tj

13:3617.07.2025

Тоҷикистон ба Узбекистон аз НБО “Роғун” барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома бо Ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба имзо расад.

Тибқи он интиқоли нерӯи барқ аз НБО “Роғун” ба Узбекистон бо нархи 3,4 сенти ИМА барои ҳар кВт/соат пешбинӣ шудааст.

Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Мутобиқи қарори Ҳукумат, шартномаи хариду фурӯш байни ҶСК НБО "Роғун” ва ҶС “Узэнергосотиш” ба имзо мерасад.

Интиқоли барқ тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва дар соатҳои камбуди иқтидор дар системаи барқии Узбекистон амалӣ мешавад. Нарх ҳамасола ба андозаи 1% индексатсия шуда, аз соли дуюми интиқол татбиқ мегардад.

Дар марҳилаи сохтмони нерӯгоҳ, интиқоли барқ танҳо дар мавсими обёрӣ (1 апрел – 30 сентябр) сурат мегирад. Баъди ба кор даромадани иқтидори пурраи НБО “Роғун”, интиқоли барқ ба таври солона ва доимӣ амалӣ хоҳад шуд.

Созишнома пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии ҳар ду ҷониб эътибор пайдо карда, ба муддати 20 сол баста мешавад. Муҳлати он ба таври худкор ба 10 соли дигар тамдид мегардад, агар яке аз ҷонибҳо пешакӣ мухолифат накунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2018 ба Узбекистон тавассути “Барқи тоҷик” барқ интиқол медиҳад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ