fbpx

Тоҷикистон ба Сурия кӯмак мефиристад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Заминларза дар Сурия
Шаҳри Ҷиндайриси Сурия / Акс аз Reuters

6 соли зиндон ба ду сокини ноҳияи Лахш барои пешниҳоди пора ба шахси мансабдор

Ду сокини ноҳияи Лахш барои пешниҳоди пора ба шахси мансабдор ҳар кадоме ба муҳлати 6 соли зиндон маҳкум шуданд.

Занҷирро ба дасти ҷинояткор маҳкам мекунанд

Ба иттилои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҳукм дар ин бора 9 декабри соли гузашта содир шуда, лекин маълумот дар сомонаи ин ниҳод рӯзи 16 феврал нашр шуд.

Гуфта мешавад,  сокини ноҳияи Лахш Имомуддин Ҷолдошов тибқи маслиҳати пешакӣ бо Усон Сайфиддинов мехостааст, ки падараш Халил Ҷолдошовро, ки нисбати ӯ мутобиқи моддаи 305 КҶ ҶТ (Хиёнат ба давлат) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунад.

“Бо ин мақсад Имомуддин Ҷолдошов ба кормандони Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт ба сифати пора 15 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад, – омадааст дар хабар. – Рӯзи 22 сентябр ӯ ин маблағро ба кабинети муовини сардори Раёсати ВКД-и ноҳия меорад”.

Ба иттилои манбаъ, Ҷолдошов ва Сайфиддинов ҳангоми кӯшиши ба шахси мансабдор додани 15 ҳазор сомонӣ пора аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааанд, лекин гуфта намешавад, ки Сайфиддинов дар ин кор чӣ нақше доштааст.

Нисбати ҳар ду тибқи моддаи 320, қ.2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Додани пора ба шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суди ноҳияи Рашт ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Тоҷикистон ба Сурия кӯмак мефиристад

Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия низ рӯзҳои наздик фиристода мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ зимни нишасти хабарии 17 – уми феврал гуфт. Ин кӯмак аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.

Мақомот гуфтанд, ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия дар умум 50 тонна хоҳад буд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, барои фиристодани наҷотдиҳандагон ба Сурия аз мақомоти ин кишвар ягон дархости расмӣ нагирифтаанд.

Субҳи 6 – уми феврал заминларзаи сахт як қисмати Туркия ва Сурияро такон дод. Дар ин ҳодиса беш аз 40 ҳазор нафар ҳалок шуданд ва шумори қурбониён мумкин афзоиш ёбад.

Пештар Тоҷикистон ба Туркия кӯмаки башардӯстона ва 50 наҷотдиҳанда фиристода буд. Ин танқид бисёр садо дод, ки бештари кишварҳо ба Туркия кӯмак карданд, аммо мардуми зарардидаи Сурия фаромӯш шуданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ зидди ширкати шаҳрвандон дар муноқишаҳои Русияву Украина ҳаст

Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба муноқишаи Русия ва Украина бехабар аст. Вале илова кард, ки вазорат зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша ҳаст.

Ӯ афзуд, барои аз ягон тараф ҳамроҳ нашудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин муноқишаҳо тамоми корро карда истодаанд.

Дар робита ба ин ба гуфтаи ӯ, сафоратҳову консулгариҳо ва ҳатто ҷамъиятҳои тоҷикон дар Украина, Русия ва Қазоқистон корҳои лозимаро бурда истодаанд.

“Бо донишҷӯёну дигарон мулоқотҳо мекунему мефаҳмонем, ки ба чунин корҳо пайваст нашаванд. Мардуми мо озоданд, дар дигар кишварҳо мехонанду кор мекунанд. Ақидаву нигоҳи худро дорад.

Бо кадом роҳҳо ба он ҷойҳо рафтаанд мо намедонем, лекин мо зидди чунин ҷараёнҳо ҳастем ва намехоҳем, ки шаҳрвандони мо дар он ҷойҳо иштирок кунанд”, – шарҳ дод Сироҷиддин Муҳриддин.

Номбурда бори дигар аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуд ва  гуфт, ҳамчунин, Тоҷикистон бо Украина муносибату хуб доранд ва “тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.

Бо гузаштаи қариб як сол аз муноқишаи Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша аз як ҷониб расонаӣ мешавад. Ҳамчунин, хабари кушта шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, расонаӣ мешавад.

Прокуратураи генералӣ барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ кард

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ – ро тасдиқ карда, лекин сабабашро шарҳ надод.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон

“Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, – гуфт Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки прокурори ВМКБ Парвиз Орифзода рӯзи 9 феврал барои таҳқири кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз вазифааш озод карда шудааст.

“Чанд вақти охир Парвиз Орифзода “зиёд менӯшид” ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст. Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст”, – хабар дода буд манбаи Радиои Озодӣ.

Ба иттилои ин манбаъ, аз рӯи ин далел алайҳи Парвиз Орифзода таҳқиқи ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.

Парвиз Орифзода соли 2018 прокурори ВМКБ таъин шуда, пеш аз таъинот ба ин мансаб ба ҳайси прокурори ноҳияи Ванҷи ин вилоят ифои вазифа мекард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend