Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, бо шикаст додани тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дуюмин шуда ба чорякфинали ин мусобиқа роҳ ёфт.
Футболбозони тоҷик дар аввалин иштирокашон дар Ҷоми Осиё то марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд ва ин натиҷаи таърихӣ аст.
Бозӣ шоми 28-уми январ дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ”-и шаҳри Ал-Райян пирӯз шуд ва акнун дастаи Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти дастаҳои Ироқу Урдун нерӯ месанҷад.
Бозии пуршиддат ва мусовӣ дар вақти асосӣ
Бо ҳуҷумҳои пуршиддати футболбозони ҳарду даста бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Лаҳзаҳои голзанӣ хеле зиёд буд, аммо тӯб дар вақти асосӣ танҳо ду бор вориди дарвоза шуд.
Дар дақиқаи 30-юми нимаи аввали бозӣ, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи ҳамдастааш Зоир Ҷӯрабоевро бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Иморот зада, ҳисобро кушод.
@your_tj Голи аввали дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷониби Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 30-юми бозӣ #футбол #Тоҷикистон #гол #ОАЭ #АМА #Қатар #Осиё ♬ оригинальный звук – Your.tj
Голи ҷавобиро Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар охири вақти асосӣ (дақиқаи 90+5) бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тавр, вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар вақти изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) бошад, ҳисоб тағйир наёфт ва сардовари 37-солаи FIFA – Араки Юсуке аз Ҷопон барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин кард.
@your_tj Дар дақиқаи 95-уми бозӣ дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб ба дарвозаи Тоҷикистон гол зада ҳисобро баробар кард. #футбол #Тоҷикистон #гол #ОАЭ #АМА #Қатар #Осиё ♬ оригинальный звук – Your.tj
Ғалабаи Тоҷикистон дар зарбаҳои 11-метрӣ
Ҳамаи панҷ бозигари мунтахаби Тоҷикистон – Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров тӯбро аз пеналти ба нишон расонданд.
Бозигарони Иморот бошанд аз чор зарбаи пеналти танҳо сетоашро вориди дарвоза карда тавонистанд. Бозигари бразилӣ Каё, ки шаҳрвандии Иморотро дорад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд. Дарвозабони моҳири мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баъди зарбаи ӯ тӯбро баргардонд. Ин зарбаи дуюми футболбозони Иморот аз пеналти буд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи пеналти бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуд. Дар ин пирӯзӣ саҳми Рустам Ятимов, қаҳрамони ин бозӣ, бузург аст.
Петр Сегрт – сармураббии мунтахаби Тоҷикистон кист?
Петр Сегрти 57-солаи хорватӣ 27-уми январи соли 2022 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ аз соли 2022 литсензияи мураббигии “Pro”-и УЕФА-ро ба даст овардааст.
Аз замони ба ҳайси сармураббӣ таъқин гардиданаш гуфта мешуд, ки Сегрт тими миллии моро ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 омода менамояд.
Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар дастаҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро низ аз он ҷо оғоз намудааст.
Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар “Валдхоф” фаъолият карда буд, ба “Бохум” даъват намуд. Баъдтар Шегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои “Дуйсбург” ва “Валдхоф” шуд. Сипас мустақилона бошгоҳҳои Австрияи “Леобен”, “Рид” ва “Винер Спорт-Клуб”-и Австрияро роҳбарӣ кардааст.
“Меъмор” чӣ муваффақиятҳо дошт?
Петр Сегрт муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби “меъмор”-ро гирифтааст.
Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ намуд. Баъди рафтани ҳамватанаш Петр Сегрт ба ҳайси сармураббӣ дар ду бозӣ тими миллии Гурҷистонро роҳбарӣ кард.
Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар бошгоҳҳои футболи “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар”-и Индонезия кор кард.
Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.
Инак, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё, таҳти роҳбарии Петр Сегрт ба даври чорякниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт.