logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистон аз рӯи олудагии ҳаво ҷойи сеюмро гирифт

Дар маҷмуъ, аз 143 давлат, ҳамагӣ 130 кишвар (91%) меъёрҳои иҷозатдодаи СУТ-ро убур кардаанд.

Your tj

15:1425.03.2026

Тоҷикистон аз рӯи олудагии ҳаво ҷойи сеюмро гирифт

Тибқи гузориши ҷаҳонии сифати ҳаво (World Air Quality Report), ки ҳамасола аз ҷониби ширкати IQAir нашр мешавад, Тоҷикистон дар миёни 143 кишвар аз рӯи сатҳи олудагии ҳаво ҷойи 3-юмро ишғол кард (дар соли 2024 - ҷойи 6-ум).

Мувофиқи гузориш, танҳо 14 дарсади шаҳрҳои ҷаҳон ба тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба консентратсияи миёнаи солонаи PM2.5 (5 мкг/м³) мувофиқанд. Дар ҳоле ки соли гузашта ин нишондиҳанда 17% буд.

Танҳо 13 кишвар ва ҳудуд ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ буданд, аз ҷумла: Полинезияи Фаронса, Пуэрто-Рико, Ҷазираҳои Вирҷинии ИМА, Барбадос, Каледонияи Нав, Исландия, Бермуд, Реюнон, Андорра, Австралия, Гренада, Панама ва Эстония.

Дар маҷмуъ, аз 143 давлат, ҳамагӣ 130 кишвар (91%) меъёрҳои иҷозатдодаи СУТ-ро убур кардаанд.

Ба қатори кишварҳои аз ҳама олуда дохил мешаванд:

  • Покистон — 67,3 мкг/м³;

  • Бангладеш — 66,1;

  • Тоҷикистон — 57,3;

  • Чад — 53,6;

  • Ҷумҳурии Демократии Конго — 50,2;

Ҳамаи 25 шаҳри олудатарини ҷаҳон дар Ҳиндустон, Покистон ва Чин ҷойгиранд, ки Ҳиндустон аз чор ҷойи аввал сеашро ишғол мекунад.

Минтақаи Уқёнусия яке аз тозатарин минтақаҳо боқӣ мемонад: 61% шаҳрҳо ба меъёрҳои СУТ ҷавобгӯянд. Бо вуҷуди ин, сардии рекордӣ дар иёлати Ню Саут Уэлс дар моҳи июни соли 2025 боиси афзоиши мавсимии олудашавӣ гардид.

Қайд мешавад, ки пешрафт дар беҳтарсозии сифати ҳаво дар ҷаҳон суст шудааст. Сабабҳои асосӣ афзоиши сӯхторҳои ҷангал ва тағйирёбии иқлим, ки вазъи олудашавии глобалиро бадтар мекунанд.

Бо вуҷуди баъзе беҳбудиҳо, мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. Танҳо қисми ками аҳолии ҷаҳон ба маълумоти дақиқи маҳаллӣ дар бораи сифати ҳаво дар вақти воқеӣ дастрасӣ доранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ