fbpx

Тоҷикистон аз Қирғизистон талаб кард, ки гунаҳгоронии тирпаронӣ дар Хистеварзро ҷазо диҳанд

Муноқиша байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз шоми 12-уми апрел дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд ба амал омад.


0
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13 апрел дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизиаш Руслан Қазоқбоев, талаб кард, ки ҷиҳати даргирии охир дар марзи ду кишвар таҳқиқи воқеъбинона намуда гуноҳгорони ин муноқишаро ҷазо диҳанд.

“Раҳбарони умури хориҷии  Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи рӯзи 12 апрел дар Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафурови вилояти Суғдро, ки аз дар натиҷаи он як сарбози тоҷик ба ҳалокат расидааст баррасӣ карданд. Сироҷиддин Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум намуда, тақозо кардааст, ки ҳодисаи мазкур объективӣ тафтиш карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, – омадааст, дар хабарномаи ВКХ – и Тоҷикистон

Шоми 12-уми апрел дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд тирпарронӣ ба амал омад.

Ба нақли шоҳидон, “марзбонони Қирғизистон луқмапартоӣ кардаанд ва дар натиҷаи баҳси лафзӣ тирпарронӣ сурат гирифтааст.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе гуфтааст, ки гуё сарҳадбонони тоҷик “бо вуҷуди ин ки низомиёни қирғизро диданд, ҳаракатшонро ба самти хатти шартии марз идома доданд”.

Дар хабар омадааст, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.

Дар ин муноқиша Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ки ба наздикӣ муҳлати хизматаш ба анҷом мерасид, аз қафаси сина ва шикамаш чор тир хӯрда буд ба ҳалокат расид

Рӯзи 13 апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии навбатӣ дар сарҳад баргузор гардид. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки неруҳои марзбонии ҳарду ҷониб аз хати марз пас гирифта мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend