fbpx

Тоҷикдухтари забондон аз Ишкошим. Аслигул дар озмунҳо соҳибзабононро мағлуб мекунад

Ӯ дар озмунҳои байналмилалӣ мавзеъҳои зебо ва ҷойҳои таърихии Тоҷикистонро бо забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ муаррифӣ кардааст.


0
Духтари тоҷик дар озмуни забондонӣ
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Аслигул Тиллохоноваи 27 сола, зодаи ноҳияи Ишкошими Бадахшон донандаи ҳафт забон ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ аст. Ӯ бо истеъдоди худ ҳатто соҳибзабононро мағлуб намудааст. Муаллифи Your.tj бо Аслигул ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту фаъолияти ин духтари забондон ва муваффақиятҳои ӯ қисса намуд.

Духтаре аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистон

Аслигул Тиллохонова зодаи деҳаи Вранги водии Вахони ноҳияи дурдасти Ишкошим мебошад. Ӯ хатмкардаи мактаби рақами 37 деҳаи Вранг аст. Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ ба забономӯзӣ шавқи зиёд дошт ва мақсад гузошта буд, ки чанд забони машҳури дунёро аз худ намояд.

Тоҷкидухтари забондон аз Бадахшон

Аз даҳсолагӣ ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ шуруъ намуд. Пас аз хатми мактаб соли 2014 ба пойтахт омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид ва онро бомуваффақият хатм намуд. Замони таҳсил дар ин даргоҳ забонҳои фаронсавӣ ва арабиро низ азхуд кард, аммо духтари ҷавон ба ин нашуд. Ӯ барои гирифтани маълумоти дуюм соли 2019 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забонҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар супорид ва забони олмониро аз худ намуд.

“Барои омӯхтани забон мо бояд пеш аз ҳама забони худро дӯст дорем ва ба таври мукаммал онро азхуд намоем. Забон омӯхтан кори саҳл нест, пеш аз ҳама бояд дар назди худ ҳадаф гузошт ва барои расидан ба он талош кард.

Бо дарси донишгоҳ иктифо накарда, барои омӯзиш бештар вақт ҷудо намуда, бо роҳи худомӯзӣ дониши худро мустаҳкамтар намудан лозим аст. Азёд кардани луғатҳо, муколама намудан бо он забон, тамошои филмҳо бо сатри равони забонҳои хориҷӣ ва мутолиаи китоб барои зудтар омӯхтани забон кӯмак менамояд”,- мегӯяд Аслигул.

Иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ

Қаҳрамони мо аз хурдсолӣ мақсадҳои бузург дошт. Ӯ мехост дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда ватанашро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Аслигул соли 2017 тариқи барномаи Flex дар Конференсияи забондонони дунё, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат намуд ва миёни иштирокчиён аз 35 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм шуд.

“Вақте бори аввал дар озмуни сатҳи баланд ширкат доштам, ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифта буд. Ҳисси тарс. Аз ноумед гаштан,иштибоҳ кардан метарсидам. Довталабон аз дигар давлатҳоро дидам, ки кишварашонро бо як шукӯҳу шаҳомат муаррифӣ карда истодаанд. Тарс маро тарк кард ва ҷояшро ҳисси ғурур гирифт. Бо худ гуфтам, ки ман ҳам метавонам зебоиҳои кишварамро ба онҳо тасвир кунам.

Вақте дар бораи қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, кӯҳи Чилдухтарон, кӯҳҳои Помир, мавзеъҳои зебои Бадахшон ва ҷойҳои таърихии Тоҷикистони азиз бо якчанд забон ҳарф задам, онҳо шигифтзада шуданд ва ваъда ҳам доданд, ки ҳатман барои дидани ин ҳама зебоиҳо ба ватани мо меоянд”,- бо ифтихор нақл кард ӯ.

Иштироки Аслигул дар озмунҳои байналмилалӣ

Забон донӣ-ҷаҳон донӣ

Аслигул пас аз хатми донишгоҳ дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар ба ҳайси муаллимаи забони хориҷӣ шуруъ ба кор кард. Баробари таълими забонҳои хориҷӣ ба толибилмон, худ низ пайваста дар ҷустуҷӯи илму дониш буд.

Охири соли 2022 тариқи онлайн дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони арабӣ – англисӣ”, ки аз ҷониби донишгоҳи Ал‑Аҳзари шаҳри Қоҳираи Миср баргузор гардид, ширкат намуд. Хушбахтона, қобилияти забондониашро писандиданд ва барои иштирок дар ин озмун ӯро ба шаҳри Қоҳираи Миср даъват карданд. Дар озмуни мазкур аз 43 давлати ҷаҳон довталабон ширкат намуданд.

“Вақте маро ба давраи сабқати озмун пазируфтанд хеле хушҳол шудам. Дар озмун иштирокчиён хеле зиёд буданд ва шарти озмун ин буд, ки иштирокчиён бо чанд забоне, ки медонанд худ ва кишвараршонро бояд муаррифӣ менамуданд. Ман бо панҷ забон арабӣ, англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ баромад намуда соҳиби ҷоизаву диплом гардидам”,‑ бо хушнудӣ ба хотир овард қаҳрамони мо.

Ҷоизаи духтари тоҷик дар озмуни байналмилалӣ

Пешниҳоди кор дар Олмон ва Канада

Дар фаъолияти касбӣ ва ҳаёти Аслигул иштирок намудан дар озмунҳои байналмилалӣ таъсири калоне гузошт. Ба ӯ якчанд пешниҳоди кор дар ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон ва Канада доданд, аммо ӯ қабул намекунад, чун тавре мегӯяд ҳамаи талошу заҳматҳояш ба хотири хизмат ба Тоҷикистони азиз аст.

“Аз кудакӣ ҳамеша орзу мекардам, ки ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунам ва бо мардумонашон бо забонҳои худашон муошират намоям. Хушбахтона ин орзуи ман пас аз иштирок дар озмуну конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба амал пайваст. Тавонистам бо соҳибони забонҳои омӯхтаам аз наздик шинос шавам ва бо онҳо гуфтугӯ намоям”,‑ афзуд Аслигул.

Илм сарҳад надорад

Қаҳрамони мо ҳоло ҳам пайваста дар пайи омӯзиш аст ва тасмим дорад, ки шумораи забонҳои омӯхтаашро зиёд намояд. Ба қавли ӯ илм сарҳад надорад ва ба мисли дарёи равон аст. Инсон ҳар қадар бештар биомӯзад, ҳамон андоза манфиат дарёфт менамояд.

Аслигул дар суҳбати журналист

“Дар оянда тасмим дорам бештар дар озмунҳои сатҳи баланд ширкат намоям ва бо ин восита ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунам. Забономӯзиам ҳеҷ гоҳ бо гирифтани диплому ҷоизаҳо қатъ намегардад.

Ҳамеша дар пайи омӯзиш ҳастам ва ин ҳоло оғози роҳ аст. Ба ҷавонон тавсия медиҳам,ки сатҳи дониши худро баланд бардоранд ва бештар забон биомӯзанд, тавре бузургонамон гуфтаанд “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ””,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Шаҳноз Ализода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
8
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend