Тоҷикбача бо ному чеҳраи рӯсӣ. Михаил Ломоносови фалаксаро чӣ хел муваффақ шуд?

Дар замони муосир роҳ ёфтан ба ШОУ-бизнес ва шуҳрат пайдо кардан миёни мардум на ба ҳама кас даст медиҳад. Аммо ба Михаил Ломоносови тоҷик даст дод, ки бо сабку услуби хос ва жанри қадимаи тоҷикон “Фалаксароӣ” миёни мардум маъруфият ба даст орад.

Муаллифони Your.tj имрӯз ба шумо дар бораи Михаил Ломоносов нақл мекунанд, ки новобаста аз синну соли ҷавонӣ дар сароидани фалак, моҳир асту алакай байни мардум маъруф гардидааст.

Хушбахтам, ки тавони бо овози зинда суруданро дорам

“Боре дар тӯй машғули сурудхонӣ будам, ки ногаҳон баландгӯяк якбора аз кор монд. Ҳама дар ҳаяҷон буданд, баъзеҳо дод зада норозигӣ баён мекарданд. То таъмири асбобҳо бе баландгӯяк бо овози баланд суруд сароидам ва нагузоштам, ки мухлисонам нороҳат шаванд.

Хушбахтам, ки тавони бо овози зинда суруданро дорам, чун дар ана ҳамин гуна ҳолатҳо шарманда намешавам”,- нақл мекунад Михаил.

Тоҷикбача бо ному чеҳраи рӯсӣ

Михаил Ломоносов бо ин ном қаҳрамонии мо миёни мардум маъруф аст. Ӯ имрӯз бо чеҳраи русмонанду, садои нотакрор дили ҳаводорони мусиқиро тасхир кардааст. Ҳазорон нафар, дар шарҳҳои наворҳояш дар шабакаи Ютуб офаринаш мехонанду менависанд, – “Тоҷикон аз уҳдаи сароидани фалак намебароянд, лекин ин русписар, ҳамаро қоил кард”. Аммо Михаил тоҷикбача мебошад, аммо чеҳра ва номаш русист.

Михаил зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Аз даврони мактабхонӣ дар чорабиниҳои мактабӣ иштирок карда, онҷо сурудхонӣ мекард. Чӣ хеле ки худи ӯ мегӯяд истеъдодаш худододист. Бисёриҳо киноя зада мегӯянд, ки ӯ аз номи тоҷикӣ рӯй гардонидааст. Вале на, дар ҳақиқат падару модар ӯро чунин номгузорӣ кардаанд. “Вақте ман ба дунё омадам, аз сабаби зиёд ба русҳо шабоҳат доштанам, номамро Михаил гузоштанд, аммо дар ҳуҷҷатҳоям ман Нусратуллои Иноятулло ҳастам. Михаил Ломоносов барои он мегӯяндам, ки дар шаҳраки Ломоносови шаҳри Кӯлоб бузург шудаву ба воя расидаам.”

Барномасоз овозхон шуд

Михаил Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси барномасоз, хатм кардааст ва аз нозукиҳои ин соҳа то андозае бохабар аст. Аммо айни замон дар тӯю маъракаҳо сарояндагӣ карда, ба ин восита оилаашро таъмин мекунад. Михаил ҳоло нархи муайяне барои хизаматаш дар тӯйҳо нагузоштааст, вобаста ба шароити тӯйдор ҳаққи хизмат мегирад. Барои ӯ як каф дуои нек аз ҳама сарвати дунё болост. Баъзан дар тӯйи ятимону фақирон ройгон химатрасонӣ мекунад.

Михаил аз овони мактабхонӣ аз дарсҳо гурехта ба тӯйҳо мерафт, дар дил орзуи сароянда шуданро мепарварид. “Ман мисли дигар ҳамсолонам ба ҷангу ҷанҷол шавқ надоштам, вале мактабро ҳам хуб нахондаам. Ба фанни биология бештар шавқ доштам ва баъзан дарсҳоро аз сидқи дил тайёр мекардам. Аксар вақт ба тӯйҳо рафта бо шавқ ба сарояндагон менигаристам ва дар дил орзуи сароянда шуданро мепарваридам”

Хурсандии кӯдак аз бозгашти падари муҳоҷир

Михаил ҳам модар ва ҳам падарашро чун ҷон дӯст медорад ва то ҳадди тавон хидматашонро ба ҷо меорад. Аз сабабе ки фарзанди ягона ва эркаи падар будааст, зиёд худсарӣ ва аз гапи модар саркашӣ мекардааст, ки ин амал сабаби шаллоқ хурданаш мешудааст. Аммо падараш ба ин ҳама нигоҳ накарда ӯро боре ҳам ҷазо намедод. Имрӯз падараш сароянда набошад ҳам баъзан сурудҳояшро бо ӯ машқ мекунад ва дар талафузи баъзе нотаҳо ба ӯ кӯмак мерасонад.

“Ҳеҷ аз ёд намебарорам лаҳзаеро, ки боре аз модарам нофармонӣ кардам. Модарам бо қаҳр пояфзолеро ба сӯям ҳаво доду он рост ба сарам зад,- айёми кӯдакиашро ба хотир оварда нақл кард Михаил. – Сарам кафида хуни зиёде рафт, ҳатто пайи захмаш то ҳол боқӣ мондааст. Баъди он зарба дигар сухани волидонамро ба замин намегузоштам”.

Аз сабаби он ки фарзанди ягонаи волидон мебошад падараш зиёд дӯсташ медорад. Ёд надорад, ки боре ӯро падар сарзаниш карда бошад. Агар хатое мекард, танҳо бо насиҳат ислоҳаш мекард. “Агар пурсанд, ки хурсандтарин лаҳзаи зиндагият кадом вақт аст? Бешак посухи ман ҳамон лаҳзае хоҳад буд, ки падарам аз Русия баргашт. Он лаҳза чунон шод будам, ки он эҳсосро бо сухан фаҳмонидан мушкил аст”. – бо завқ ба ёд меорад ӯ.

Маро бо сурудҳои халқӣ мешиносанд

Михаил Ломоносов танҳо сурудҳои халқӣ месарояд, зеро гумон дорад, ки мардум ӯро бо ҳамин услуб қабул кардаанд. Дар оянда ният дорад, ки дар жанри эстрада низ суруд сарояд.

“Ҳар инсонро як чизи хос, як фарқияте, ки дигарон надоранд машҳур месозад. Мухлисони ман маро бештар бо сурудҳои халқӣ шинохтаанд. Шояд аз ҳамин ҳисоб аксар сурудҳои ман халқиянд. Дар оянда нақша дорам, ки дар жанри эстрада низ сурудҳоро пешкаши мухлисон гардонам.”

Қаҳрамони мо аз ӯҳдаи навозиши дутор мебарояд ва дар нақша дорад, ки ба омӯзиши якчанд навъи асбоби мусиқии дигар машғул шавад. Михаил бештар бо овози зинда месарояд, ки он кори саҳл нест. Мухлисонаш дар тӯйҳо хоҳиш мекунанд, ки бе мусиқи бо овози зинда суруд хонад.

“Аз сабаби он, ки мо бештар сурудҳои халқӣ, махсусан дар жанри фалак месароем бо овози зинда сароидан лозим меояд. Аммо мешаванд ҳолатҳое, ки аз фонограма истифода мекунем. Бо хоҳиши мухлисон дар тӯйҳо баъзан бе оҳанг бо овози зинда сурудхонӣ мекунам. Ба худам ҳам бештар бо овози зинда сароидан писанд аст”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Михаил боре дар тӯй машғули сурудхонӣ буд ки баландгӯяк якбора аз кор монд. Ҳама дар ҳаяҷон буданд, баъзеҳо дод зада норозигӣ баён мекарданд. То таъмири асбобҳо бе баландгӯяк бо овози баланд суруд месароид ва нагузошт, ки мухлисон нороҳат шаванд. “Хушбахтам ки тавони бо овози зинда суруданро дорам, дар ана ҳамин гуна ҳолатҳо шарманда намешавам”, – ба ёд меорад Михаил

Даъватҳо барои фаъолият дар ансамблҳои давлатӣ ба Михаил зиёданд. Лекин ӯ мехоҳад озодона фаъолият кунад ва барои мухлисонаш дастрас бошад.

Ба касе тақлид намекунам

Қисми зиёди одамон дар шарҳи наворҳои қаҳрамони мо менависанд, ки ӯ ба сарояндаи машҳур Зафар Аюбӣ тақлид мекунад. Лекин Михаил инро рад мекунад. “Ростӣ бисёриҳо ба ман мегӯянд, ки ту тақлид ба Зафар Аюбӣ мекунӣ, вале ман ба ҳеҷ кас тақлид намекунам. Шояд садои ман ба садои Зафари Аюбӣ монанд аст ва аз ҳамин хотир баъзеҳо гумон доранд, ки ба он кас тақлид мекунам. Вале дар асл ингуна нест”, – мегӯяд Михаил.

Михаил дар синни 18 солагиаш бо хоҳиши падару модар, оила барпо мекунад, вале аз сабаби бефарзандӣ, бо розигии якдигар аз ҳам ҷудо мешаванд. Сабаби бефарзандиашон, ба гуфтаи табибон никоҳи хешу таборӣ будааст. Ҳоло Михаил муҷҷарад ва дар ҷустуҷӯи ҷуфти муносиб аст.

Малика Сафарзода, Исмоилҷон Маликов барои YOUR.tj

Skip to toolbar