Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки хатсайрҳои нави Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе кушода мешаванд.
Ба иттилои ширкат, парвозҳо дар ин самтҳо ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад.
Тибқи ҷадвали парвозҳо вақти парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб соати 09:00 ва аз Кӯлоб ба Душанбе 10:00 аст.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент бошад соати 09:00 ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 аст.
Ба иттилои “Тоҷик Эйр” аввалин парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 15 январ ва аз Душанбе ба Панҷакент 14 январ сурат мегирад.
Нархи чипта дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб 350 сомонӣ ва Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ аст.
Ширкати “Тоҷик Эйр” дар эълони худ “бароҳатӣ ва бехатарии сафар”-ро кафолат додааст.
Барои фармоиши чипта “Тоҷик Эйр” гуфтааст, ки ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1 ё телефони (+992) 110000012 муроҷиат кардан мумкин аст.
Фурӯши чиптаҳо аз рӯзи 8-уми январ оғоз шудааст.
Ширкати “Тоҷик Эйр” қаблан гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Охири сентябри соли гузашта “Тоҷик-Эйр” аз оғози дубораи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дод.