“То 750 сомонӣ ҷарима”. Пешниҳоди ҷазо барои рафтан ба назди фолбину ҷодугарҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки барои рафтан ба назди фолбину ҷодугарҳо ҷазо таъйин карда шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар пешниҳоди худ ба порлумони кишвар навиштааст, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи “истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин” илова карда шавад.

Ин лоиҳа барои шахсоне, ки ба назди сеҳрдон ва фолбину ҷодугарон мераванд, аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар низ борҳо аз рафтан ба назди фолбину ҷодугарон ва истифода аз хизматрасонии онҳо изҳори нигаронӣ карда буд.

Соли гузашта ин ниҳод гуфта буд, ки онҳое ба назди фолбинҳо мераванд, ба мақомот даъват шуда, ном ва аксҳояшон дар махзани ВКД гузошта мешавад.

Дар Тоҷикистон соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд.

Тибқи тағйирот ба моддаи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2025 ба 75 сомонӣ баробар аст) ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ муайян шудааст.

Ҳамзамон мувофиқи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон такроран ба сеҳру ҷоду машғул шудан ҷиноят ҳисобида мешавад.

Мувофиқи тайғироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар кишвар 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ба қайд гирифта шудааст.

Skip to toolbar