То 10 соли зиндон. Ҷазо барои “дуздии барқ” ва напардохтани пули он

2-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро қабул кард. Дар асоси он барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷазои вазнинтар муқаррар гардид.

Дар хабаре, ки Вазорати энергетика нашр кардааст, гуфта мешавад, ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо ин ҷурм пурзӯр карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 27-уми март дар маҷлиси ҳукумати “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз ҳад зиёди он” изҳори нигаронӣ карда буд ва тибқи он Вазорати адлия тағйиру иловаҳоро таҳия кардааст.

Акнун шахсоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон маҳкум мегарданд.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳоро вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён муаррифӣ намудаааст.

“Дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи нерӯи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд”,- таъкид кардааст ӯ.

Барои барқдуздӣ чӣ гуна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?

Тибқи лоиҳа ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ иловаи 1 изофа гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.

  • мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ (агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 27 ҳазору 375 то 41 ҳазору 25 сомонӣ) ё то 3 соли зиндон татбиқ карда мешавад.
  • тибқи қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё ба муҳлати аз 3 то 6 сол зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.
  • дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, аз 6 то 10 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мешаванд.

Ҷавобгарии маъмурӣ чӣ гуна татбиқ мешавад?

Тибқи тағйироти моддаи 382-и Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурӣ барои амалҳои зерин ҷарима татбиқ мешавад:

  • барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
  • худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;
  • истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;
  • кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;
  • аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
  • тағйир додани нишондод бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ.

Барои чунин кирдор шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 30 (аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ), мансабдорон аз 30 то 50 (аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ) ва роҳбарони коргоҳу корхона ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли гузашта маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ расман ҷорӣ шуд. Ин реҷа ҳар сол ҷорӣ карда мешавад ва сабаби онро масъулин ба кам шудани оби обанбори Норак, боришот, афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, шуруъ аз 1-уми апрел дар кишвар нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон шуд.

Skip to toolbar