Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3707.04.2025
2-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро қабул кард. Дар асоси он барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷазои вазнинтар муқаррар гардид.
Дар хабаре, ки Вазорати энергетика нашр кардааст, гуфта мешавад, ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо ин ҷурм пурзӯр карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 27-уми март дар маҷлиси ҳукумати “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз ҳад зиёди он” изҳори нигаронӣ карда буд ва тибқи он Вазорати адлия тағйиру иловаҳоро таҳия кардааст.
Акнун шахсоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон маҳкум мегарданд.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳоро вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён муаррифӣ намудаааст.
“Дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи нерӯи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд”,- таъкид кардааст ӯ.
Тибқи лоиҳа ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ иловаи 1 изофа гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.
Тибқи тағйироти моддаи 382-и Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурӣ барои амалҳои зерин ҷарима татбиқ мешавад:
Барои чунин кирдор шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 30 (аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ), мансабдорон аз 30 то 50 (аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ) ва роҳбарони коргоҳу корхона ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли гузашта маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ расман ҷорӣ шуд. Ин реҷа ҳар сол ҷорӣ карда мешавад ва сабаби онро масъулин ба кам шудани оби обанбори Норак, боришот, афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ ва тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, шуруъ аз 1-уми апрел дар кишвар нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон шуд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
3 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад