Тирпаррони дар марз. Як сарбози тоҷик кушта шуда се тани дигар захмӣ гаштаанд

Имрӯз тахминан соати 6 – и субҳ дар мавзеи “Кех”, 10 километрии маркази ҷамоати Ворух миёни марзбонони тоҷику қирғиз типарронӣ ба амал омад. Дар натиҷаи муноқиша як сарҳадбони тоҷик кушта шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъи худ, хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки сарбози кушта шуда сокини 26 – солаи ноҳияи Ҷайҳун аст ва айни ҳол дар сардхонаи яке аз беморхонаҳои шаҳри Исфара нигоҳ дошта мешавад.

“Азия Плюс” аз қавли манбаи худ дар неруҳои интизомии Тоҷикистон, менависад, ки ҷониби Қирғизистон аз соати 6:00-и субҳ “бе ягон сабаб ё муноқиша ба тарафи мо тир холӣ карданд”. Ба иттилои манбаъ неруҳои Қирғизистон ба самти мавзеи сарҳадии “Кех” дар ҷамоати Ворухи Исфара аз миномиёту дигар яроқи ҷангӣ тир паронданд.

Бар пайи ин ҳодиса, ҳамчунин се нафар марзбонони дигари тоҷик захмӣ шудаанд ва айни ҳол дар беморхона бистарианд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро раман шарҳ надоданд. Пас аз муноқишаи охирин, ки да ҳ рӯз пеш сар зада буд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот амали марзбонони қирғизро “иғвоангезӣ” хонда буд. Вазорат рӯзи 04-уми июн ва пас аз як рӯзи даргирӣ дар вебсайти расмияш гуфт, сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ворид шуданд. Аммо дар посух ба талаби ҷониби Тоҷикистон, сарбозони қирғиз камин гирифта тирандозиро сар кардаанд, ки вазъ баъди он бадтар шудааст.

Мақомоти Қирғизистон бошад ҷониби Тоҷикистонро дар он қазия гунаҳгор дониста буд. Ин дафъа низ Ха дамоти марзбонии Қирғизистон аввалин шуда ҳодисаро шарҳ дод ва боз сарҳадбонони тоҷикро дар сар задани муноқиша муттаҳам кард.

Тибқи маълумоти хадамот, тахминан соати 7-и субҳ (6 – бо вақти Душанбе) дар мавзеи Булак-Бошии ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд аз ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и Хадамоти мазбонии КДАМ Қирғизистон тир паронида шудааст. Гӯё дар посух аз ҷониби Қирғизистон низ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон низ тир паронида шудааст.

Skip to toolbar