fbpx

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: Ду сарбози қирғиз захмӣ шудааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Радиои Озодӣ

Шумори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон ба 97 кас расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ду нафари дигар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб, шумори расмии қурбониёни бемории ҳамагир дар кишвар ба 97 кас расид, аммо манобеи ғайрирасмӣ омори ҷонбохтагонро бештар аз ин медонанд.

Мақомот гуфтанд, рӯзи 7-уми июл 35 мавриди гирифтории сокинонро ба COVID-19 сабт карданд. Дар умум, коронавирус ба 13 ҳазору 690 нафар сироят карда, ба иттилои расмӣ, 97 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ин омори вазорат ҳам шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд. Аз моҳи январи имсол то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва кишвар орӣ аз бемории ҳамагир аст.

Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: Ду сарбози қирғиз захмӣ шудааст

Имрӯз, 8-уми июл, 4 сарҳадбони қирғиз марзи Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштич ғайриқонунӣ убур карда, ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон .

“Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд”, – омадааст дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони тоҷик итоат накарда, ба сӯи онҳо аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.

Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

Тоҷикистон қазияи як шаҳрвандашро дар Русия дорои “ангезаи сиёсӣ” донист

Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро, ки бо дархости ҷониби Қирғизистон дар Русия дастгир шуда, дертар раҳо гардид, дорои “ангезаи сиёсӣ” донист.

Абдуфаттоеви 45-соларо моҳи феврали имсол боздошт ва 6-уми июл бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Қарори ниҳоии додгоҳ дар мавриди сарнавишти ӯ моҳи августи имсол эълон хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл гуфт, ду дафъа аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоевро дархост карда буд. Ба иттилои манбаъ, онҳо ба Додситонии кулли Русия рӯзҳои 11 ва 13-уми феврали соли 2021 “дархости асоснок” фиристоданд.

Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро “барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар минтақаи номуайни марз байни вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканд” муттаҳам карданд. Худи Фурқат Абдуфаттоев ва наздиконаш ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст.

Изҳороти раиси амнияти Қирғизистон: роҳи Ворухро мо месозем ва баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, имрӯз дар Бишкек зимни як нишастӣ матбуотӣ гуфтааст, ки масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон то кунун ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Ӯ дар ин нишаст, оид ба минтақаҳои баҳсии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, бунёди роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух ва вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пайи фаъол шудани “Толибон” суҳбат кард.

Тавре “24.kg” аз қавли ӯ менависад, Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро худаш бисозад ва роҳ дар қаламрави ин кишвар ҷойгир хоҳад шуд. – Мо исрор дорем, ки сохтмони роҳҳо бояд дар тӯли тамоми хати сарҳадӣ анҷом дода шавад, на танҳо дар як қисми он,-гуфтааст Тошиев.

Ҳамчунин Ташиев гуфтааст, тасмими ниҳоӣ дар бораи минтақаҳои баҳсии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ба иттилои вай, дар асоси протоколе, ки 1 майи соли 2021 ба имзо расид, дар ҳудуди деҳаи Қулундуни ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, дар 36 километри марз таъини марз идома дорад.

Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд кардааст, ки масъалаи марз ҳангоми сафари президент Содир Ҷапаров ба Душанбе низ баррасӣ шудааст. – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷаборов дар асоси ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо дар суҳбати 5-6 соатаашон масъалаи марзиро як ба як баррасӣ карданд. Аммо ҳанӯз пешрафте дида намешавад,- гуфтааст Тошиев.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Намангон дармондаанд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки мехостанд тариқи фурӯдгоҳи Узбекистон ба Русия сафар кунанд, аз он шикоят доранд, ки 3 рӯз боз дар фурӯдгоҳи Намангон дармондаанд. Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор аз назди фурӯдгоҳ мегӯянд, онҳо бояд 3 рӯз пеш аз ин фурӯдгоҳ парвоз мекарданд. Аммо ҳар рӯз парвозашон ба таъхир гузошта мешавад.

Муроҷиатҳояшон ба фурудгоҳ барои таъмин кардани онҳо бо меҳмонхона ҳам натиҷа надодааст. Маълум нест, ки ин муҳоҷирон аз кадом ширкат билет харидаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, барои гузаштан аз марзи Узбекистону Тоҷикистон марзбонони тоҷик аз онҳо пул талаб мекунанд. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодаанд.

Ғарқшавии 4 мактабхони Истаравшан дар дарёи Сир

Бегоҳии 7-уми июл ҷасади беҷони чаҳор навраси 15-соларо аз дарёи Сир берун кашидаанд. Наврасони ғарқшуда хонандаи мактаби № 60 шаҳри Истарвшан будаанд ки ҳангоми оббозӣ дар мавзеи “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғарқ шудаанд.

Ҷасади ин наврасонаро соати 07.00 субҳи 8-уми июл, дар зодгоҳашон деҳаи Янгиқишлоқи Истаравшан ба хок супурдаанд.

Шаҳзода Бутаева, сухангӯйи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт наврасон дар мавзее аз дарёи Сир оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шудааст. Ӯ гуфт шахсияти ҷасадҳо маълум аст, вале далели аз Истаравшан ба Хуҷанд омадан ва ҳамроҳ бо кӣ барои шиноварӣ рафтанашон маълум нест.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Итаравшан, субҳи 8-уми июл бо таъйиди ин ҳодиса ба “Азия-Плюс”, аз ироаи ҷузъиёти бештар  худдорӣ карданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend