Тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон

14 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ ба амал омад. Дар ин бора дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар Фейсбук хабар додааст. 

“Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷониби наряди посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон сабаб оташ кушода шуд, ки дар ин вазъият вобаста ба ҳолати ба амал омада, наряди посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби низомиёни кирғиз оташи ҷавобӣ кушоданд”,- омадааст дар иттилоъ.

Ба иттилои манбаъ ҳоло дар мавзеи номбаршуда тирпарронӣ рафта истодааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва захм бардоштани низомиён ё аҳолии осоишта ба қайд гирифта нашудааст.

Вазъият дар ин минтақа таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Ҷониби Қирғизистон дар навбати худ марзбонони Тоҷикистонро айбдор кардааст. КДАМ – и Қирғизистон иттилоъ додааст, ки

“Марзбонони тоҷик ба тақозоҳои қонунии ҷониби Қирғизистон дар бораи хуруҷ аз қаламрави кишвар нодида гирифта, оташ кушоданд. Дар посух марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз силоҳ истифода кардаанд”.

Гуфта мешавад, ки задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонон то соати 09:30 давра ба давра ба ҳолати оромӣ майл мекард.

Ҷониби Қирғизистон низ аз набудани захмиён ва қурбониён хабар медиҳад. Дар иттилоъ гуфта мешавад, ки ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва ёрии таъҷилии вилояти Бодканд ба реҷаи пурзӯри корӣ гузаронида шудаанд. Дар беморхонаҳо миқдори кофии ҷузъҳои хун, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ барои расонидани ёрии тиббӣ мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев телефонӣ вазъи ба амал омадаро баррасӣ кардаанд.

Skip to toolbar