Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон ба сабаби муваққатан бекор шудани парвозҳо дар шаҳри Дубайи АМА мондааст.
Бобоҷон Қаландаров, менеҷери дастаи мунтахаб дар суҳбат ба Your.tj гуфт, дастаи занонаи Тоҷикистон бояд рӯзҳои 1 ва 5-уми март дар шаҳри Дубай муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона доир мекард.
“Бинобар вазъияти баамаломада рӯзи 1-уми март бозӣ баргузор нашуд. Даста ҳоло дар Дубай дар ҷойи амн қарор дорад. Агар вазъият беҳтар ва иҷоза дода шавад, рӯзи 5-уми март бозӣ баргузор мегардад ва рӯзи 6-ум онҳо бояд ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳамааш ба барқарор шудани парвозҳо вобаста аст”,- гуфт Қаландаров ба Your.tj.
Дар ҳамин ҳол, волидони яке аз футболбозони тими занона гуфт, ки телефони духтаронро бо сабабҳои амниятӣ ва ба воҳима наафтодани онҳо гирифтаанд. Аз ин сабаб бо онҳо на ҳамеша ба алоқа баромадан мумкин аст. Инчунин, ӯ гуфт, ки барои таъмини бехатарӣ, аз меҳмонхона берун баромаданашон манъ карда шудааст.
Дастаи футболи бонувони Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои баргузории машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай рафта буд.
Ёдовар мешавем, ширкати ҳавопаймоии Somon Air парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Дубай – Душанбе то 6 марти соли 2026 муваққатан боздошт.
Гуфта мешавад, ин қарор дар робита ба маҳдудиятҳои амалкунанда барои истифодаи фазои ҳавоии Ховари Миёна қабул шудааст.
Ҳазорҳо сайёҳ бинобар ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна, дар давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дармондаанд. Аз 28 феврал ҷонибҳо ба ҳамдигар ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Дар пасманзари ин вазъ, ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба ин кишварҳо ва аз онҳо бекор ё мавқуф мегузоранд.
