“Тиҷорат ва бонкҳо”. Чӣ тавр бонк метавонад занони соҳибкорро дастгирӣ кунад

Қиссаи Шаҳло Ватанова шояд ба ҳар як соҳибкоре, ки саҳифаи моро пайгирӣ мекунад, шинос аст. Ӯ бонуи хона буд, аммо рӯзе қарор дод, ки бояд ҳама чизро тағйир диҳад ва корхонаи истеҳсолии худро таъсис дод.

Имрӯз дар корхонаи Шаҳло метавон ҳар гуна маҳсулоти дӯзандагиро бо завқи баланд ва идеяҳои эҷодӣ фармоиш дод.

Дар нашри нави подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо” дар бораи он суҳбат кардем, ки чӣ тавр муассисаҳои молиявӣ ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Яке аз паҳлуҳои дигари дар подкаст баррасишуда дастгирии тағйироти рақамӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ, ба мисли маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ барои ҷавонон ва занон мебошад.

Меҳмони барномаи мо шуданд Шаҳло Ватанова, роҳбари корхонаи истеҳсоли либоси корӣ ва униформа барои ҳама соҳаҳои саноат “Шаҳлои Ватан” ва намояндаи Ташкилоти микродепозитии “Имон Интернешнл” Сиддиқҷон Неъматов, мудири маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, ки на танҳо қарз медиҳад, балки ба соҳибкорон кӯмак мекунад, то ба сатҳи нав бароянд.

Бонуи соҳибкор дар оғози суҳбат ба мо гуфт, ки чаро маҳз “Имон Интернешнлро интихоб кард.

“Барои интихоб чанд бонкро гаштам ва дар наздикии корхонаам филиали “Имон Интернешнл”-ро пайдо кардам. Муомилаи хуби кормандони бонк ва масофаи наздики он барои ман қулай буд. Ин 10 сол пеш буд ва чун он замон интернет-бонкинг ҳанӯз вуҷуд надошт ва барои осон шудани бурда овардани ҳуҷҷатҳо корхона бояд ба бонк наздик мебуд”,- шарҳ дод Шаҳло.

Сиддиқҷон Неъматов гуфт, ки бонк низ барои ҷалби занони соҳибкор ҳар гуна чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои ташвиқотӣ мегузаронад, сатҳи хизматрасониҳояшро боло мебарад ва сабукиву имкониятҳои нав пешниҳод мекунад.

Ба гуфтаи Шаҳло Ватанова, вақте соҳибкор мехоҳад корхонаашро калонтар кунад, дастгоҳу таҷҳизоти нав гирад ва ё коргарони бештарро ҷалб кунад ва дар ин кор фонди гардиши корхона кифоя намекунад, маҷбур мешавад ба бонк барои қарзи тиҷоратӣ муроҷиат намояд.

“Ман низ чунин кардам. Бизнес-нақшаи худро тартиб дода ба “Имон Интернешнл” муроҷиат кардам. Бонк экспертизаи шаффоф ва зуд гузаронида ба ман қарз дод. Чун “Имон Интернешнл” барномаи “Рушди соҳибкории занон”-ро татбиқ мекунад, соҳибкор тибқи он пас аз баргардонидани қарз субсидия, яъне як қисми маблағи фоизро мегирад”,- афзуд Шаҳло.

Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:

Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:

Нашрҳои нави подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо”-ро пайгирӣ намоед, то мо ба шумо боз ҳам бештар аз таърихи навгониҳо қисса кунем

Хотиррасон мекунем, ки тавассути барномаи “Машварат барои тиҷорати хурд”-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, шумо метавонед аз хизматрасониҳои мушовирони тиҷорат истифода баред. Рақами телефон барои муроҷиат +992487011325

Skip to toolbar