fbpx

Темур Раҳимов ҷудокори №1 дар ҷаҳон. Ӯ кист ва чӣ гуна ба муваффақият ноил шуд?

Дар бораи фаъолияти варзишӣ ва мувафақиятҳои Темур дар маводи мо бихонед!


0

Темур Раҳимов ҷудокрӣ боистеэъдоди тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби медали биринҷӣ ва бо 3980 имтиёз ҷудокорӣ № 1 – и Федератсияи байналмиллалии ҷудо дар вазни +100 гардид.  Соли гузашта ӯ дар рӯйхати 10 – гонаи беҳтарини ҷудокорон дар зинаи 9 – ум қарор дошт. Ин ҳама мувафақиятҳо барои Темур бо осонӣ даст надодаанд, ба нақли худи варзишгар  волидон ҳатто гову мол ва бӯстонсароашонро фурӯхтаанд, то Темур дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок кунад ва парчамбардори кишвар бошад.

Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 4-7 август дар Қазоқистон доир гардид, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ноил гардиданд.Дар вазни зиёда аз 100 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии финалӣ аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагеуре шикаст хӯрда, медали нуқра ба даст овард. Дар баробари медали нуқра, Раҳимов 490 имтиёз ба даст оварда, бо 3980 имтиёз дар зинаи аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар вазни  +100 кг қарор гирифт.

Темур зодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Завқи гӯштингириро дар қалби Темур аз хурдӣ бобояш ҷой дода буд. Бобои Темур, Рустам Абдураҳмонов мухлиси ашадии гӯштин аст ва набераҳояшро доимо ба гӯштин ҷалб мекунад.

“Бобоям аз ҷавониашон ба гӯштин мухлисӣ мекардаанд. Он кас ду писар доранд, ки писаронашон низ гӯштингир буданд. Аммо аз сабаби вазъи душвори молиявӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, натавонистанд, варзишро давом диҳанд ва ба дигар соҳа рафтанд. Аз ҳамин сабаб бобоям тасмим гирифтанд, ки мо набераҳояшонро гӯштингир кунанд”, – нақл кард Тимур.

Бо ташвиқу роҳнамоии бобо, Тимур аз хурдӣ ба гӯштингарӣ шавқ пайдо кард. Бобои Рустам дар иди “Наврӯз” ва дигар ҷашнҳо байни кӯдакону наврасон мусобиқаҳои гӯштин ташкил менамуд. Аз ҳисоби худаш ғолибонро бо тӯҳфаҳо ҳавасманд мекард ва аз тамошои мусобиқаи онҳо ҳаловат мебурд.

Темурро дар шашсолагиаш падар ва бобояш ба толори варзишӣ бурданд, то ба варзиши тэквандо машғул шавад. Чун онҳо фикр мекарданд, барои Темури шашсола машқ кардан дар варзиши гӯштин душворӣ меорад.

Қаҳрамони мо набераи калонии бобо аст. Ғайр аз Темур 8 набераи Рустам Абдураҳмонов ба навъҳои гуногуни гӯштин машғул ҳастанд.

Иштирок дар мусобиқаҳо

Шурӯъ аз нӯҳсолагияш Темур дар толори варзишии ба номи Худойназар Боқиев ба тамрини гӯштини ҷудо машғул шудааст. Ҳангоми тамрин дар ин макон, дар чандин мусобиқаҳои сатҳи маҳалливу ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардидааст. Соли 2010 ӯ дар мусобиқаи  байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иштирок намуда, дар намуди гӯштини ҷудо сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гашт.

“Ин мусобиқа бароям хеле хотирмон буд. Чун аввалин бор аз ноҳия берун рафтам ва дар мусобиқаи бузург иштирок кардам. Баъди ғолибият дар ин мусобиқа рӯҳия ва тавоноии ман дучанд гашт ва ба худ боварии комил пайдо намудам”,- мегӯяд Тимур.

Баъд аз он роҳи Темури наврас ба мусобиқаҳои бузург кушода шуд. Ӯ соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалии Бозиҳои Авруосиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд ва ин навбат ҳам соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гашт.

Ин барои Темур дастоварди бузург буд. Чун дар миёни варзишгарони давлатҳои Аврупо ва Осиё ба даст овардани медали тилло кори осон набуд. Ҳамакнун ӯро мебоист, ки пайваста аз пайи тамрин шуда, ба мусобиқаҳои мухталиф омодагии ҷиддӣ бинад.

Фурӯхтани бӯстонсаро барои иштирок дар мусобиқаҳо

Темур Раҳимов дар роҳи интихобнамудааш бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, боре фикри ба ақиб гаштанро накардааст. Ба ӯ дастгирии бевоситаи волидон рӯҳу илҳоми дучанд медод.

Падари Темур қассоб буд ва аз ҷиҳати молиявӣ ба Темур кӯмаки асосиро ӯ мерасонид. Ҳатто барои харҷи иштироки Темур дар мусобиқаҳо бӯстонсарои худро фурӯхт.

“Волидонам маро дар ин роҳ бениҳоят дастгирӣ намуданд. Барои иштирок дар мусобиқаҳои хориҷи кишвар маблағи зиёд харҷ мешавад.

Барои дар мусобиқаҳо ширкат кардани ман падарам тамоми гову моли худро фурӯхтанд. Ҳатто бӯстонсарои худро низ фурӯхтанд, то ин ки ман номбардори ва Ватан ва онҳо гардам”-бо ифтихор гуфт, ҳамсӯҳбати мо.

Дастовардҳо

Темур Раҳимов дар мусобиқаи дарёфти Ҷоми Осиё дар кишвари Ӯзбекистон соли 2016 сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва соли 2017 сазовори ҷойи аввалу медали тилло, моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё дар кишвари Қирғизистон сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, моҳи октябри соли 2017 дар кишвари Хорватия дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, моҳи сентябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, моҳи октябри соли 2018 барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло, соли 2019 дар кишвари Мароко дар мусобиқаи байналмиллалии Грант При сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, моҳи марти соли 2019 дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар Чемпионати Осиё сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва чандин ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend