fbpx

Темур Раҳимов дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ба даври ниманиҳоӣ баромад


0

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, баъди се пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат баромад. Дар даври аввал озод буд. Дар даври дувум бо Мариус Физел аз Словакия, ки дар даври аввал Кристиан Коновалро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб кард, вориди рақобат шуд. Паҳлавони тоҷик рақибашро ба осонӣ бо ду «ваза-ари» ва баҳогузории «иппон» шикаст дод ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо кард.

Раҳимов дар ҳаштякфинал бо намояндаи Фаронса Ҷозеф Терҳек рӯбарӯ шуд. Дар ин рақобат низ Темур маҳорати баланд нишон дод ва рақибашро базудӣ бо баҳогузории «иппон» мағлуб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар чорякфинал паҳлавони тоҷик бар Минҷонг Ким аз Ҷумҳурии Корея бо баҳогузории «ваза-ари» дастболо шуд ва ба нимфинал баромад. Рақиби Темури 25-сола дар даври ниманиҳоӣ гуштигири 20-солаи ҷопонӣ Татсуро Саито мебошад.

Ёдовар мешавем, аз байни 9 варзишгари тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ ба рақобат пардохт. Ӯ дар вазни то 66 кило баъди пирӯзӣ бар Орландо Поланко аз Куба, дар ҳаштякфинал аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 Ҳифуми Абе аз Ҷопон мағлуб шуд.

Баъдан ду паҳлавони дигари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода – дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок карданд. Хоҷазода дар даври аввал Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Виктор Стерпу аз Молдова бохт. Сарахонов бошад, дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.

Рӯзи 9-уми октябр боз ду паҳлавони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев – дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуданд. Маҳмадбеков дар даври аввал бар Франкойс Гаузейр аз Канада пирӯз гардид, вале дар даври дувум аз Шарофиддин Болтабоеви узбекистонӣ мағлуб шуд. Ризоев, ки дар даври аввад озод буд, дар даври дувум аз Ашраф Моутил аз Марокаш шикаст хӯрд.

Рӯзи 10-уми октябр паҳлавонони шинохтаи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов – дар вазни то 90 кило қувваозмоӣ карданд. Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванов аз Булғористон шикаст хӯрд. Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Станислав Гунченко аз Украина мағлуб шуд.

Рӯзи 11-уми октябр Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Николоз Шеразадашвили аз Испания шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора иштирок доранд.

Сабқати даставии омехта бо иштироки гуштигирони 17 кишвар дар рӯзи охирини мусобиқот – 13-уми октябр – ба нақша гирифта шудааст, аммо дар он мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунад.

Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дувум 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои севум 25000-евроӣ тақдим мегардад.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон ва занон дар Тошканд мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия бо касби 2 медали тило ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медали тило дар ҷойи севум қарор доранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend