Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:3608.01.2025
Шумораи қурбониёни заминларзаи шадид дар минтақаи мухтори Тибети Чин ба 126 нафар расида, даҳҳо нафарн осеб бардоштаанд.
Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи онҳоеро, ки дар зери харобаҳо мондаанд, идома медиҳанд. Кӯшиш доранд, барои наҷотёфтагон ба зудӣ хайма бисозанд, зеро пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард шавад.
Дар радиуси 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир буда, ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи мақомоти Шигатсе, беш аз 3600 хона фурӯ рехт, 407 нафар аз зери харобаҳо наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Заминларза бо шиддати 6,8 дар дирӯз, 7-уми январ рух дод. Дар пайи он, тибқи иттилои расонаҳои ин кишвар, то бегоҳи рӯзи гузашта шумораи ҷонбохтаҳо ба 126 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба 188 нафар расида буд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, президенти Чин дар робита ба ин фоҷиа барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба Чжао Летсзи, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин номаи тасаллӣ ирсол кардааст.
Читайте также
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
20 часов назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
2 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
6 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
6 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
7 дня назад