logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

“Tech Jam 2024” беш аз 600 мутахассиси ҷавонро аз Осиёи Марказӣ дар Душанбе муттаҳид кард

Ин форум майдони баҳсҳои ҷолиб дар бораи ояндаи рақамии Тоҷикистон, рушди малакаҳо, таълим дар соҳаи технологияи иттилоотӣ гардид.

Your tj

12:4923.11.2024

“Tech Jam 2024” беш аз 600 мутахассиси ҷавонро аз Осиёи Марказӣ дар Душанбе муттаҳид кард

Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Илмхона” ва дигар донорҳо Форуми минтақавии “Tech Jam 2024” баргузор гардид.

Ин форуми минтақавӣ беш аз 600 нафар мутахассисону коршиносони ҷавонро аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қалби Тоҷикистон ҷамъ овард.

“Tech Jam” платформаест барои мутахассисони ҷавон, коршиносони технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ва пешвоёни соҳа, ки барои муошират ва мубодилаи афкор мусоидат мекунад ва соли 2021 таъсис ёфтааст.

“Ҳамаи мо нақши муҳими рушди технологияҳои иттилоотиро, махсусан барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, хуб дарк мекунем. Тоҷикистон ҳамчун як кишваре, ки аҳолии умдатан ҷавон дорад, метавонад аз рушди бахши ТИ-и худ манфиати зиёде ба даст орад”, - гуфт Ҷон Риордан, директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон дар баромади худ.

Форуми мазкур майдоне барои баҳсҳои ҷолиб дар бораи ояндаи рақамии Тоҷикистон, рушди малакаҳо, таълим дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва қабули қарорҳои ба маълумот асосёфта гардид.

Дар форум барои иштирокдорон суханрониҳои асосӣ, панелҳои коршиносон, семинарҳои амалӣ ва имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳо пешниҳод карда шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

1 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

1 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

2 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

4 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ