Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал. Дар Тоҷикистон ин лоиҳа чӣ гуна амалӣ мешавад

Мавзӯи имрӯзаи мо лоиҳаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият мебошад, ки 12 сол инҷониб аз тарафи дафтари Ассотсиатсияи Каритаси Олмон амалӣ мешавад.

Ҳадафи умумии лоиҳа саҳми устувор гузоштан дар пешбурди фарогирии маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути шабакаи мутақобила ва стандартизатсияи омодасозии мутахассисон ва рушди низоми иҷтимоӣ мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мусоидат дар муттаҳидсозии санадҳои қонунгузории меъёри касбӣ ва таълим оид ба тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи корӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аст.

Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози барномаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, дафтари Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон ва Муҳаббат Муродова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахшон”, муассиси Ассотсиатсияи миллии мактабҳои корӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар меҳмонии мо ин мавзӯро шарҳи бештар доданд.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Подкасти мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (БМЗ) дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба ба муттаҳидсозии сохторҳои Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Казоқистон ва касбигардонии минбаъдаи омӯзиши кори иҷтимой бо истифодаи раҳёфти ТСМ таҳия карда шудааст. Мӯҳтавои подкасти мазкур ифодагари нуқтаи назари Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (БМЗ) намебошад.

Skip to toolbar