Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5019.03.2024
Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи дин.
Гуфта мешавад, ин нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар карда шудааст.
“Довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд”,- менависад Кумита.
Гуфта мешавад, ин пул ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд.
“Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст”,- хабар медиҳад манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар соли 2023 арзиши сафар ба Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.
Бар асоси эълони ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар мераванд.
Зимнан, Кумита ҳушдор медиҳад, ки сафари ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ афроди бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба сафари ҳаҷ рафтаро, ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ), ба муддати шаш моҳ ҳабс, инчунин ба муддати 10 сол ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳдид мекунад.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
2 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
2 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
4 дня назад