Шаҳри Истиқлол — Табошари пешин — яке аз шаҳрҳои пурасрор ва дорои меъмории нодир дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин макон, ки замоне ҳамчун “шаҳри махфӣ” ё “шаҳраки геологҳо” маъруф буд, имрӯз сол ба сол таваҷҷуҳи бештари гардишгарони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 180 сайёҳи хориҷӣ аз ин шаҳр боздид кардаанд, ки нисбат ба солҳои гузашта нишондиҳандаи баландтар аст. Ҳангоми ворид шудан ба Осорхонаи шаҳрӣ меҳмононро директори он — Нодира Назарӣ — бо самимият истиқбол мегирад. Ӯ кӯшиш мекунад шаҳрро аз зовияе нишон диҳад, ки барои меҳмонон ғайричашмдошт ва ҷолиб бошад.
Муаллифи Your.tj бо Нодира Назарӣ, ки 11 сол боз дар Осорхонаи шаҳри Истиқлол фаъолият дорад, ҳамсуҳбат шуд. Ӯ аз таассуроти сайёҳони хориҷӣ, таърихи хонаҳои сангии “швейтсариягӣ”, нигаронӣ аз вазъи баъзе ёдгориҳои таърихӣ ва ҳатто наворбардории филми русӣ дар Табошар қисса кард.
Натиҷаи солҳои талош — бунёди Осорхонаи шаҳрӣ
Осорхона соли 2014 ҳамчун осорхонаи назди Қасри фарҳанг дар як ҳуҷраи хурд таъсис ёфта буд. Аммо солҳои аввал на сокинон ва на меҳмонон аз мавҷудияти он огоҳии зиёд надоштанд.
Нодира Назарӣ аз соли 2015 дар ин ҷо фаъолият мекунад. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ оғоз карда буд. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ ҳамеша нисбат ба таърихи шаҳр муносибати самимӣ ва масъулона дошт. Барои муошират бо меҳмонони хориҷӣ ҳатто забони англисиро мустақилона омӯхтааст.
“Ман мехостам сайёҳон қиссаи шаҳрро аз забони сокини худи ҳамин ҷо бишнаванд”, — мегӯяд ӯ.
Дар моҳи августи соли 2024 Нодира Назарӣ директори Осорхонаи шаҳри Истиқлол таъин шуд.
“Ман ба раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар масъулон барои бунёди осорхонаи нав чандин маротиба муроҷиат ва мактуб ирсол кардам. Ниҳоят, 30 марти соли 2023 Осорхонаи шаҳри Истиқлол бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Барои ман хушбахтии бузург аст, ки дар бунёди ин осорхона саҳми хурде гузоштаам”, — мегӯяд ӯ.
Хонаҳои сангиро дар Табошар кӣ сохтааст?
Имрӯз дар Осорхона зиёда аз 670 нигора ва экспонати таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад. Барои меҳмонони хориҷӣ бештар таърихи рақамигардонидашудаи Табошар ва меъмории ғайриоддии он ҷолиб аст.
Ба гуфтаи Нодира Назарӣ, аз соли 2023 шумораи сайёҳон ба шаҳр бештар шудааст. Онҳо аз баҳор то охири тирамоҳ гурӯҳ-гурӯҳ ба Истиқлол меоянд.
“Соли гузашта ба шаҳри мо 377 сайёҳи хориҷӣ омад”, — мегӯяд ӯ.
Меҳмонон бештар ба маҳаллаҳои кӯҳнаи Табошар, ки дар он ҷо корхонаҳои махфии давраи Шӯравӣ ҷойгир буданд, таваҷҷуҳ мекунанд. Барои онҳо кӯли қадима, мавзеи Канҷол, биноҳои сангин ва фазои шаҳр ҷолиб аст.
“Ин хонаҳои дуошёнаи сангинро асирони олмонӣ солҳои 1946–1949 сохтаанд. Дар байни онҳо муҳандисон, меъморон ва сохтмончиёни касбӣ зиёд буданд. Хонаҳоро чунон сохтаанд, ки зимистон гарм ва тобистон салқин мемонанд. Аз ҳамин сабаб русҳо ва олмониҳо Табошарро “Швейтсарияи хурдакак” меномиданд”, — нақл мекунад ӯ.
Сайёҳи олмонитаборе, ки зодаи Табошар аст
Соли гузашта футболбози олмонитабор Эдгар Гесс, ки зодаи Табошар аст, ҳамроҳи ҳамсар ва наздиконаш ба зодгоҳаш омад. Ӯ замоне дар дастаҳои “Памир” ва “Қурама” бозӣ кардааст.
Нодира Назарӣ бо табассум яке аз суҳбатҳои хотирмонашро ба ёд меорад:
“Вақте ба Осорхона омад, баъди салом пурсид: “Вы из Швейцарии?” Гуфтам, ки не, ман тоҷик ҳастам. Табассум карду гуфт: “Почему раньше я не встретил такую девушку, как Вы?” Ҳамсараш Елена каме хиҷолат кашид. Онҳо хеле самимӣ ва хушсуҳбат буданд”.
Хоҳишҳои сайёҳони олмонӣ
Ба гуфтаи Нодира Назарӣ, баъзе меҳмонони олмонӣ пешниҳод кардаанд, ки яке аз хонаҳои кӯҳнаи сангӣ бо услуби аслии зиндагии сокинони он давра барқарор карда шавад.
“Онҳо мегуфтанд, агар хона бо мебели ҳамондавра, китобҳо, рахти хоб ва ашёи рӯзгор оро дода шавад, барои сайёҳон боз ҳам ҷолибтар хоҳад шуд”, — мегӯяд ӯ.
Сайёҳон ҳамчунин аз вазъи баъзе иншооти фарҳангии шаҳр изҳори нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла, онҳо ба бинои театри кӯҳна, ки имрӯз қисман вайрон шудааст, таваҷҷуҳ намудаанд.
“Меҳмонон пешниҳод карданд, ки театр аз нав эҳё карда шавад. Ба гуфтаи онҳо, чунин марказ метавонад ба рушди фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат кунад”.
Нодира Назарӣ ҳамчунин аз вазъи нигаронкунандаи ёдгориҳои Тиркаш-теппа ва Каппа-теппа ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин мавзеъҳо имрӯз дар ҳолати фарсудашавӣ қарор доранд.
“Агар ин ёдгориҳо бо риояи услуби таърихӣ барқарор шаванд, мо метавонем ба наслҳои оянда нишон диҳем, ки шаҳри мо таърихи бисёр қадима дорад”, — мегӯяд ӯ.
Сайёҳони фаронсавии ошиқи адабиёт
Аксари сайёҳон бо тарҷумон меоянд. Бо вуҷуди ин, Нодира кӯшиш мекунад бо онҳо мустақиман ба забонҳои русӣ ва англисӣ суҳбат кунад.
Соли гузашта гурӯҳе аз сайёҳони фаронсавӣ аз ӯ хоҳиш карданд, ки аз ашъори Ҳофиз ва Саъдӣ ғазал бихонад.
“Ман чанд ғазал, аз ҷумла “Эй сорбон” ва “Агар он турки Шерозӣ…” қироат кардам. Баъд ҳатто чанд суруди Нигина Амонқуловаро замзама намудам. Онҳо рақсиданд. Барои ман ҳайратовар буд, ки хориҷиён то чӣ андоза ба адабиёти классикии форсу тоҷик таваҷҷуҳ доранд”, — мегӯяд ӯ.
Яке аз меҳмонони фаронсавӣ ҳатто китоби “Найсон”-и Фарзонаи Хуҷандиро аз Нодира ҳамчун туҳфа гирифтааст.
Табошар — саҳнаи филми мистикӣ
Ба гуфтаи Нодира Назарӣ, чанде пеш гурӯҳи филмсозон аз Русия барои наворбардории филми “Зверь во мраке” ба Истиқлол омаданд.
Ӯ низ дар ин филм нақши кӯчак — китобфурӯшро бозидааст.
“Ин филми муштараки Русия ва Тоҷикистон дар жанри драма ва детектив таҳия мешавад. Ҳама саҳнаҳо дар шаҳри мо сабт мешаванд. Барои ман иштирок дар филм таҷрибаи тамоман нав ва эҳсоси фаромӯшнашаванда буд”, — мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи филмсозон, фазои шаҳр, меъморӣ ва кӯчаҳои он барои офаридани муҳити мистикӣ ва детективӣ хеле мувофиқанд.
Маълумоти таърихӣ
Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) соли 1938 таъсис ёфтааст. Он соли 1993 мақоми шаҳр гирифт ва соли 2012 расман Истиқлол номгузорӣ шуд.
Ин шаҳр дар доманаи кӯҳҳои Қурама ҷойгир буда, таърихи бисёр қадима дорад. Дар ин ҷо бозёфтҳое пайдо шудаанд, ки ба давраҳои пеш аз милод тааллуқ доранд.
Дар солҳои Шӯравӣ Табошар ҳамчун маркази муҳими истихроҷи уран маъруф буд. Мегӯянд, ашёи хом барои аввалин неругоҳи атомии Шӯравӣ маҳз аз ҳамин ҷо гирифта мешуд.
Имрӯз Истиқлол на танҳо ҳамчун шаҳри геологҳо, балки ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ низ шинохта мешавад.
Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj
