Таътили зимистона то 20 январ идома мекунад

Машғулиятҳои дарсӣ аз 20 -уми январ оғоз мешаванд.


Таътил то 20 январ идома мекунад.

Акс аз сомонаи sputnik.tj

Вазорати маориф аз идома ёфтани таътил то 20 – уми январ хабар дод. Сабаби он сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон шарҳ дода мешавад.

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, машғулиятҳо аз 20 – уми январ оғоз мегардад ва соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Вобаста ба ин раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мудирияти мактабҳо вазифадор карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо дарназардошти сардиҳои шадид таътили зимистонаи мактаббачагон то 16 – уми январ тамдид шуда буд.

Ҳавои сарду бориши барф тайи чанд рӯзи охир Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи онро фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, ин гуна сардӣ 15 соли охир мушоҳида намешуд ва чанд рӯзи оянда идома хоҳад кард.