Марде, ки кӯдаки хурдсолро бераҳмона латукӯб кард, дастгир шуд. Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби падар мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол инъикос ёфтааст.
Чунин амали падар мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардиданд.
Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Зикриё Гулмадович, санаи таваллудаш 18.02.1975, зодаи н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, муваққатан истиқоматкунандаи н.Фирдавсӣ кӯчаи М.Маҳмадалӣ мебошад.
Манбаъ меафзояд, “Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда аз ҳамзистӣ бо собиқ ҳамсари худ соҳиби 4-фарзанд гардида, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо ва 2-фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд”.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Одинаев Зикриё маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва таъминоту тарбияи шоистаи фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд, омадааст дар хабар.