logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Таъсиси Шӯро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шӯрои мазкур, инчунин вазифадор шудааст, ки ҳолати ҷабрдидагонро муайян намуда, барои расонидани кӯмак ба онҳо чораандешӣ намояд.

Your tj

13:2428.03.2025

Таъсиси Шӯро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат, ки 28 феврали соли 2025 содир шудааст, Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис ёфт. Нусхаи он дар пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Мувофиқи қарори мазкур, Шӯро мақоми машваратӣ дошта, фаъолияташ ба ҳамоҳангсозии кори идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо нигаронида шудааст.

Инчунин, Шӯро вазифадор шудааст, ки ҳолати ҷабрдидагонро муайян намуда, барои расонидани кӯмак ба онҳо чора андешад.

Раиси Шӯро муовини нахуствазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ таъин гардида, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, муовини ӯ мебошад. Ба ҳайати Шӯро раисони вилоятҳо ва муовинони онҳо шомиланд.

Гуфта мешавад, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷаласаҳои Шӯро даъват мешаванд, вале узви расмии он нахоҳанд буд. Шӯро дар як сол на камтар аз ду маротиба ҷаласа баргузор хоҳад кард, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ метавонад доир намояд.

Зӯроварӣ дар оила аз мушкилоти доғи хонаводаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бештар занон аз он ҷабр мебинанд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, танҳо дар соли 2024 шумораи умумии шикоятҳо дар робита ба хушунати хонаводагӣ ба 3 ҳазору 200 расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2023, 148 ҳолат бештар мебошад. Аз ин шумора, занон 2 ҳазору 652 ва мардон 554 шикоят пешниҳод кардаанд.

Бо вуҷуди афзоиши шикоятҳо, айни замон дар кишвар барои хушунати хонаводагӣ танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Бар асоси қонун, шахсони гунаҳкор метавонанд то 375 сомонӣ ҷарима ё то 15 рӯз ҳабс шаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, зӯроварӣ дар оила на танҳо сабаби вайроншавии оилаҳо мегардад, балки ба рӯҳияи кӯдакон низ таъсири манфӣ мерасонад. Муқовимат бо ин падида ва таҳкими чораҳои пешгирикунанда метавонад ба коҳиши хушунати хонаводагӣ мусоидат намояд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ