fbpx

Таъсири қурби рубл. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия арзонтар шудаанд

Билетҳои "Сомон Эйр" арзон нашудаанд ва зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.


0
Акс аз "Азия-Плюс"

Чанд рӯзи ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия каме арзон шудааст, вале на дар ҳама хатсайрҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Дар ин бора ба Your.tj дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшии пойтахт хабар доданд. Агар ду ҳафта пеш арзиши билетҳо аз Душанбе ба самти Маскав аз 7 ҳазор сомонӣ боло буд, ҳоло онро метавон ба арзиши то 5 ҳазор сомонӣ пайдо кард.

Айни ҳол аз Тоҷикистон ба Русия се ширкати ҳавопаймоии русӣ парвоз карда истодаанд: “Уралские авиалинии”, UTair и Nordwind.

“Масалан, арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 12-уми март аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешавад, 4 ҳазору 427 сомониро ташкил медиҳад, — хабар доданд дар ин хазинаи билетфурӯшӣ. — Ҳамчунин аз пойтахт ба Екатеринбург мусофирон метавонанд бо нархи 3 ҳазору 629 сомонӣ парвоз кунанд, ки онро рӯзи 12-умарт ширкати русии “Уралские авиалинии” анҷом медиҳад”.

Ин билетфурӯш дар суҳбат бо хабарнигор гуфт, ки арзиши билетҳои ширкати “Уралские авиалинии” аз ҳисоби паст шудани қурби рубли русӣ арзон шуданд.

“Чиптаҳои ширкати “Уралские авиалинии”, ки бо рубли русӣ нархгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби паст шудани қурби рубл барои мусофирон арзон менамоянд. Агар бо қурби чанд ҳафта қабл ҳисоб кунем, ягон зарра тағйир нахӯрдани онро эҳсос мекунем. Баръакс нархи билетҳои ширкати “Сомон Эйр” боло рафта истодааст”, — мегӯяд ин хазиначӣ.

Аз “Сомон Эйр” гаронтар

Ба гуфтаи ӯ, арзиши чиптаҳои ширкати “Сомон Эйр” аз 7 ҳазор сомонӣ гаронтар аст.

“Билети хатсайри Душанбе-Маскав барои рӯзи 12-уми март, ки ширкати “Сомон Эйр” иҷро мекунад, 7 ҳазору 595 сомонӣ ва хатсайри Душанбе-Екатеринбург, ки рӯзи 13-уми март ба нақша гирифта шудааст — 8 ҳазору 341 сомониро ташкил медиҳад”, — гуфтанд дар хазина (касса).

Нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия пас аз Соли нав ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав он аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) арзиш дошт, пас аз он  нархи чиптаҳо қариб се баробар — зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ (707 доллар) боло рафтааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии “Ураслкие авиалинии”, арзиши чиптаҳо аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон ба маротиб арзонтар аст.

“Арзиши чиптаи хатсайри Маскав-Душанбе барои рӯзи 12-уми март, ки ширкати “Ураслкие авиалинии” иҷро мекунад, 1 ҳазору 400 сомонӣ ва хатсайри Екатеринбург-Душанбе, ки ҳамон рӯз ба нақша гирифта шудааст — 1 ҳазору 305 сомониро ташкил медиҳад”, — омадааст дар сомонаи ширкат.

На зиёда аз 500 доллар

Баҳори соли 2021 пас аз ба таври бесобиқа боло рафтани арзиши чиптаҳо дар Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода гуфта буд, ки арзиши билетҳо аз як самт ва бозпас набояд аз 500 доллар зиёд шавад.

“Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мо дар бораи 500 доллар муайян кардани арзиши билетҳои ҳавопаймо аз як самт ва бозпас қарор қабул кардем. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, онҳо билетро 300-350 доллар монда метавонанд, лекин билети бозпас аз Маскав ба Душанбе бояд 150-200 доллар нарх дошта бошад. Онҳо ҳамеша бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”, — гуфта буд ӯ он замон.

Ҳамон вақт ӯ аз мусофирон даъват карда буд, ки дар сурати пешниҳод намудани билетҳо бо нархи аз 500 доллар баландтар ба хатсайрҳо, дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат кунанд ё ба телефони боварӣ бо рақами 236-53-34 занг зананд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend