Ташхиси пешакӣ: Қурути қурутоб сабаби заҳролудшавии 48 нафар дар Хатлон шудааст

Дар байни заҳролудшудагон кӯдакон низ ҳастанд.


Қурутоб хӯриши тоҷикӣ

Ба заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар натиҷаи таҳқиқи пешакӣ қурут ё дуғоберо, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, сабабгор донистаанд. Гуфта мешавад, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст. Маълум нест, ки қурут ё дуғ таҳти кадом шароит тайёр шудааст.

“Азия – Плюс” бо такя ба иттилои як манбаъ Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб менависад, аз 24 нафари заҳролудшудае, ки дар ин беморхона бистарианд, 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.

“Вазъи саломатии онҳо беҳтар шудааст. Эҳтимол ҳамаи онҳо имрӯз аз беморхона рухсат шаванд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳия Зафар Гулзода гуфтааст, “ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад”.

Ӯ афзуд, ҳамаи 48 нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар беморхонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бистарӣ шуда буданд, мураххас шуданд.

Ба гуфтаи ӯ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва зерсохторҳои онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сабаби заҳролудшави ҳодисаро муайян мекунанд.

“Ҳамаи сокинон бо аломатҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Ба онҳо сари вақт ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 24 – уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки “шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд”.