Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Тасдиқи расмии 25 кушта ва 20 захмӣ дар пайи ҳамлаҳои бесарнишин ва мошинҳои зиреҳпӯши Қирғизистон
Дата публикации: 16:3918.09.2022
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кушта шудани 25 сокини маҳаллӣ ва захмбардории 20 тани дигар расман хабар дод. Тибқи иттилоъ ин талафот дар натиҷаи ҳамлаи мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ба ҷамоати Зумруд ва Овчӣ - Қалъачаи Бобоҷон Ғафуров ба амал омадааст.
Ин ниҳод гуфт, рӯзи 16 сентябр низомиёни Қирғизистон ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки маҷрӯҳонро интиқол медоданд, тир холӣ карда, худи ҳамон рӯз ба бинои мактаби рақами 8-и Овчӣ- Қалъача зарба задаанд.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон рӯзи 16 - уми сентябр талаботи оташбасро вайрон карда, ба масҷиди деҳаи Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз бесарнишинҳо ҳамла карда буданд.
4964 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад