Тасарруфи беш аз 600 ҳазор сомонии мардум. Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини ноҳияи А.Ҷомӣ

Шомурод Мирзоеви 53-сола, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи А. Ҷомӣ бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод.

Гуфта мешавад, номбурда бо роҳи фиреб маблағҳои сокинони ноҳияро тасарруф кардааст.

Шомурод Мирзоев, сокини деҳаи Обшорони ҳамин ноҳия аз ин пеш барои кирдорҳои ғайриқонуниаш 5 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, менависад манбаъ.

Гумонбаршаванда қаблан ҳангоми дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А. Ҷомӣ кор карданаш низ аз шаҳрвандон бо ваъдаи дар муддати кӯтоҳ ба онҳо ҷудо кардани қитъаи замин маблағҳои зиёдеро гирифтааст.

“Вале талошҳои нафарони ба доми фиреби Мирзоев Ш. афтода, оид ба соҳиб шудан ва ё баргардонидани маблағҳои пулиашон бенатиҷа анҷомида, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба кормандони милитсия муроҷиат намоянд”,- меафзояд РВКД дар вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, Шомурод Мирзоев дар 26 ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад ва зарари расонидааш ба шаҳрвандон 600 ҳазору 333 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ менависад, номбурда ҳамаи он маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

Нисбати Шомурод Мирзоев бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби ӯ афтодаанд, хоҳиш кардааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва ё маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Skip to toolbar