Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон

Тасарруфи беш аз 2 млн сомонӣ дар “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”. Чанде аз масъулон боздошт шудаанд

Бар зидди чанде аз масъулони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” барои бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруфи таҷҳизоти барқӣ ва дигар молу маҳсулоти арзишдор бо арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, хабар медиҳад  Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

“Эргашев Б.С. сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, бо истифода аз ваколати мансабдорӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир намудааст”,- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, Эргашев Б.С. дар анбори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накардааст.

“Эргашев давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ (2 миллиону 136 ҳазору 613 смониву 31 дирам) бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”, – меафзояд Агентӣ.

Нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида пурра барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Skip to toolbar