Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Тасарруфи беш аз 2 млн сомонӣ дар “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”. Чанде аз масъулон боздошт шудаанд
Дата публикации: 12:2022.02.2024
Бар зидди чанде аз масъулони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” барои бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруфи таҷҳизоти барқӣ ва дигар молу маҳсулоти арзишдор бо арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, хабар медиҳад Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
“Эргашев Б.С. сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, бо истифода аз ваколати мансабдорӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир намудааст”,- менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, Эргашев Б.С. дар анбори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накардааст.
“Эргашев давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ (2 миллиону 136 ҳазору 613 смониву 31 дирам) бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”, - меафзояд Агентӣ.
Нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида пурра барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
672 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
19 часов назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
19 часов назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
1 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
7 дня назад