Дар Душанбе марде 2,5 миллион сомониро оташ зад

Тасарруфи 1 млн сомонӣ ва сӯхтани 2,5 миллиони дигар

Милитсияи пойтахт аз боздошти марде хабар дод, ки ба хотири рӯйпуш кардани ҷурми худ, 2,5 миллион сомонии корхонаро ҳамроҳ бо автомошинаи шахсиаш оташ задааст. 

Ҳодиса 1-уми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст. Гумонбаршаванда Муҳаммадшариф Ҷураеви 39-сола мебошад хазинадори ширкати “Омега-фудс” дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ӯ то ин дам беш аз як миллион сомонии корхонаро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.

“Ӯ бо мақсади рӯйпӯш намудани изи ҷинояти худ маблағҳои боқимондаи корхонаро, ки 2 миллион 496 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, бо мақсади гӯё ба бонк супоридан, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев тибқи нақшаи пешакӣ ба рӯи халтаҳои пул сӯзишвории бензин пошида, автомошинаро оташ задааст”,- омадааст дар “Ахбори ВКД”.

Дар натиҷаи сӯхтор қисмати зиёди маблағҳо несту нобуд шудааст. Гуфта мешавад, гумонбаршаванда бо ин амалаш ба ширкат зарари калони пулӣ расонидааст.

“Супориш шуд, ки ба бонк 3,5 миллион сомонӣ супоридан лозим. Аз фурсат истифода бурда, бензин харидам. Аз ширкат 3,5 не 2,5 миллион сомонӣ гирифтам. Бурда, дар роҳ оташ задам, ки гӯё 3,5 миллион сомонӣ сӯхт”,- нақл мекунад гумонбаршаванда Ҷураев дар навори барномаи “Ахбори ВКД”.

Нисбати ӯ бо талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятӣ барои қасдан несту нобуд сохтани молу мулк парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ба гумонбар ҷарима дар ҳаҷми калон ва ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол таҳдид мекунад.

Skip to toolbar