fbpx

Тарзи пур кардани дархост ва дарёфти раводиди Шенген барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Мо ба шумо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ, пардохтҳо ва тарзи дурусти пур кардани дархостро дар маркази нави раводид қадам ба қадам шарҳ медиҳем.


0
Акси марбута аз интернет

Аз 1 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе маркази нави дарёфти раводиди Шенген – TLScontact ба фаъолият оғоз кард. Қаблан ин раводидро тавассути маркази раводиди VisaMetric гирифтан мумкин буд.

Дар маркази нави раводиди TLScontact барои дарёфти раводид ба кишварҳои Олмон, Белгия, Юнон, Финландия, Фаронса, Италия, Люксембург, Нидерланд, Норвегия, Австрия, Португалия, Шведсия, Малта ва Испания дархост гузоштан имкон дорад. Дархостҳо ба сафорати Олмон дар Душанбе фиристода мешаванд.

Сафорати мазкур ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки барои дарёфти раводид аз ширкатҳои дигар истифода накунед. TLScontact ягона маркази раводиди кишварҳои Аврупо дар Тоҷикистон аст, ки аккредитатсия шудааст.

Мо ба шумо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ, пардохтҳо ва тарзи дурусти пур кардани дархостро қадам ба қадам шарҳ медиҳем.

Қадами 1. Ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ кунед!

Рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро, ки барои раводид ба шумо лозим аст, дар ин ҷо дида метавонед. Ин рӯйхат вобаста ба мақсади сафар фарқ мекунад. Ҳама ҳуҷҷатҳоро бодиққат ҷамъ кунед. Ҳамеша мақсади сафаратонро дуруст интихоб намоед.

Масалан, агар барои гирифтани раводиди сайёҳӣ муроҷиат кунед, ба шумо лозим мешавад:

  • Ариза (дархост)-и пуршуда;
  • Шиносномаи хориҷӣ (тафтиш намоед, ки ҳадди аққал 3 моҳ муҳлати эътибор дошта бошад);
  • Шаҳодатномаи таваллуд;
  • Акс (андозааш 3,5 × 4,5 см);
  • Хати сафар/нақшаи сафар. Масалан, рӯйхати ҷойҳое, ки мехоҳед боздид кунед, брон кардани билет ба осорхона ё нақлиёт аз ширкати сайёҳӣ;
  • Тасдиқи ҷойи зист (масалан, брон кардани меҳмонхона);
  • Брон кардани билети ҳавопаймо ба ду самт (рафтуомад);
  • Суғуртаи тиббии хориҷӣ дар шакли аслӣ + як нусха (бо кафолати ҳадди ақали 30 ҳазор евро);
  • Тасдиқи доштани суғуртаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон. Ба бисёриҳо ин банди талабот нофаҳмо аст, вале набояд бе ин ҳуҷҷат ба маркази раводид рафт. Шуморо бармегардонанд, то ҳуҷҷатҳоро аз нав ҷамъ кунед. Барои гирифтани ин маълумотнома бояд ба Фонди нафақа равед. Барои гирифтани он маълумотнома аз ҷойи кор бо нишондоди музди меҳнат зарур аст;
  • Тасдиқи доштани маблағи кофӣ барои пӯшонидани хароҷоти сафар;
  • Маълумотнома аз ҷойи кор ё таҳсил;
  • Тасдиқи дигар намуди даромад ё сармоя, ё ҳуҷҷатҳо дар бораи моликият (агар мавҷуд бошад);
  • Нусхаи саҳифаҳои шиносномаи хориҷӣ, ки маълумоти шахсиро дар бар мегиранд;
  • Нусхаи раводидҳои Шенген, ки дар 3 соли охир дода шудааст;
  • Нусхаи шиносномаи хориҷии русӣ, агар шумо душаҳрвандӣ дошта бошед;
  • Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди фарзандон;
  • Тасдиқи моликияти амволи ғайриманқул (шартномаи хариду фурӯш ва шиносномаи техникӣ шакли аслӣ ва як нусха).

Гарчанде рӯйхати ҳуҷҷатҳо зиёд аст, ба шумо метавонанд занг зананд ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб намоянд, ки дар ин рӯйхат зикр нашудаанд.

Қадами 2. Утоқи шахсиатонро дар TLScontact кушоед

Дар сомонаи TLScontact барои худ утоқи шахсӣ кушода, почтаи электронӣ ва рамзро қайд кунед.

Сипас, ба почтаи электронии шумо барои фаъол кардани утоқатон пайванд фиристода мешавад.

Қадами 3. Маълумотро ворид кунед

Ба утоқи шахсии худ ворид шавед ва маълумоти шахсии дархостшударо пур кунед.

Агар шумо бо гурӯҳи одамон барои раводид муроҷиат кунед, маълумоти онҳоро низ пур кунед ва гурӯҳро тасдиқ намоед.

Ин корро ҳатман чанд муддат пеш аз сафар бояд иҷро кард, на пештар аз 180 рӯз то сафар. Муҳлати охирини гузоштани дархост 15 рӯз то сафар аст. Аз ин дертар дархост қабул карда намешавад.

Қадами 4. Барои қабул худро сабт намоед

Дар маркази раводид рӯз ва вақти барои худ мувофиқро барои супоридани ҳуҷҷатҳо интихоб кунед. Фаромӯш накунед, ки номаи тасдиқи сабт ба қабулро чоп кунед, он дар рӯзи қабул ба шумо лозим мешавад.

Қадами 5. Шакли VIDEX-ро пур кунед

Шакли VIDEX (танҳо бо забони англисӣ ё олмонӣ) бояд онлайн дар сомонаи VIDEX пур ва чоп карда шавад. Шакл бояд бо ҳарфҳои калон пур карда шавад ва довталаб бояд шахсан онро бо ранги сиёҳ имзо кунад.

Шаклҳо вобаста муддати сафар (то 90 рӯз ва бештар аз он) фарқ мекунанд. Дар ин пайвандҳо шакли кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро пур карда метавонед.

Қадами 6. Ба қабул саривақт ҳозир шавед

TLScontact дар суроғаи кӯчаи Дӯстии халқҳо, 62, ошёнаи 1 ҷойгир аст.

Бо мактуби тасдиқи вохӯрии худ саривақт ба қабул ҳозир шавед. Агар зиёда аз 30 дақиқа дер карда бошед ё ба вохӯрӣ ҳозир нашавед, ба шумо лозим меояд, ки вохӯриро аз нав таъйин кунед.

Гирифтани бастаи ҳуҷҷатҳои ҷамъовардаро фаромӯш накунед. Дар маркази раводид ҳамаи ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш мекунанд.

Дар он ҷо, инчунин бояд боҷи консулӣ ва хизматрасониро супоред. Арзиши боҷи раводид барои калонсолон 90 евро (наздики 1020 сомонӣ) ва барои кӯдак 45 евро (наздики 510 сомонӣ) аст. Ҳаққи ҳатмии хизматрасонӣ 44,5 евро (наздики 505 сомонӣ) аст.

Намогирифт аз сомонаи visas-de.tlscontact.com

Пардохти маблағ бо евро ҳисоб карда, танҳо бо сомонӣ бо қурби амалкунанда қабул карда мешвад.

Ҳамаи довталабони синнашон аз 12 ва болотар аз он бояд шахсан ба қабули TLScontact барои пешниҳоди маълумотҳои биометрӣ ва пешниҳоди аризаи худ ҳозир шаванд.

Агар шумо аз биометрия озод бошед, ба шумо шахсан омадан лозим нест. Намояндаи ваколатдор метавонад аз номи шумо ариза пешниҳод кунад.

Вай бояд ваколатномаи имзошуда, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва нусхаи онро пешниҳод кунад.

Намоянда наметавонад ноболиғ бошад. Ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шумо барои мувофиқат ба талаботи мақомоти консулгарии Олмон тафтиш карда мешаванд ва маълумоти биометрии шумо гирифта мешавад.

Пас аз анҷоми ин қадамҳо, дархости раводиди шумо барои баррасӣ ба консулгарии Олмон фиристода мешавад. TLScontact дар раванди қабули қарор иштирок намекунад.

Мақоми консулии Олмон метавонад маълумот, ё ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб кунад. Дар чунин ҳолат, маълумоти муфассал ба шумо тавассути почтаи электронӣ ё телефон пешниҳод карда мешавад.

Шумо метавонед ҳолати аризаи худро дар вақти дилхоҳ дар утоқи шахсии худ пайгирӣ кунед.

Қадами 7. Шиносномаи худро гиред

Ба инобат гиред, ки ба дархости шумо барои раводид дар ду ҳафта метавонанд ҷавоб диҳанд. Аммо ин муҳлат метавонад то 45 рӯз дароз шавад.

Вақте ки консулгарии Олмон шиносномаатонро ба Маркази раводид бармегардонад, шумо огоҳинома мегиред. Пас аз ин шумо метавонед шиносномаи худро аз марказ гиред.

Барои гирифтани он чанд роҳ ҳаст:

Шахсан ҳозир шавед

Ба шумо лозим меояд, ки бо худ биёред:

  • Рӯйхати санҷишӣ;
  • Асли шаҳодатномаи тасдиқи шахсият бо акс ва нусхаи он;

Ба воситаи намоянда

Намоянда бояд бо худ биёрад:

  • Рӯйхати санҷишии шумо;
  • Асли шаҳодатномаи тасдиқи шахсият бо акс ва нусхаи он;
  • Ваколатномаи аз ҷониби шумо имзошуда (бо маълумоти дақиқи намоянда).

Бурдарасонӣ ба суроғаи шумо

Агар хизматрасонии бурдарасониро интихоб карда бошед, шиносномаи шумо ба суроғае, ки ҳангоми пешниҳоди ариза нишон додаед, фиристода мешавад.

Дар хотир доред, ки омодагии бодиққат ва муносибати ҷиддӣ ба ҷамъоварии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ имкони гирифтани раводидро ба таври назаррас зиёд мекунад. Шитоб накунед, ҳар як банди рӯйхатро бодиққат санҷед ва мутмаин шавед, ки ҳамаи маълумотномаҳо ва тасдиқномаҳо дуруст ва пурра ҳастанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend