Тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 3 кушта дар ҷой гузошт

Як мусофири дигар дар бемористон бистарӣ аст.


Тармафароӣ дар Тоҷикистон

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Шаби 26-уми феврал дар километри 157 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ (ағбаи Шаҳристон) автомобили тамғаи “Муссо” зери тарма монд.

Дар натиҷа 3 нафар дар макони ҳодиса ба ҳалокат расид, хабар медиҳад филиали “Инновейтев Роуд Солюшинз ЛТД” (IRS) дар саҳифааш дар Фейсбук.

Гуфта мешавад, як мусофири дигар дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудааст.

“Кормандони филиали Ширкат якҷо бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаврӣ ба макони ҳодиса расида, барои наҷоти ашхоси зикршуда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, вале офати мазкур талафоти ҷонӣ дар пай гузошт”,- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки тармафароиҳои рӯзи 16-уми феврал дар ВМКБ ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷони 18 нафарро рабуда буд.

Ҳамчунин нафарони зиёд дар шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардошта, аз манзили зист маҳрум шуда буданд. Ин офати табиӣ хисороти молӣ низ дар пай дошт.